Яке аз лидерони ғайрирасмӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва аз ширкаткунандаи гуфтушуниди зодагони Бадахшон бо сафири Тоҷикистон дар Русия дар робита ба ҳаводиси охири Хоруғ Амриддин Аловатшоев дар Русия нопадид шудааст. Дар ин бора дирӯз, 12 январ “Pamir Daily News” хабар дод.
Ин пойгоҳ тахмин задааст, ки эҳтимол меравад Аловатшоев ба Тоҷикистон истирдод шуда бошад. Пойгоҳ аз қавли чанд манобааш навишт, ки ӯ рабуда шудааст ва шояд шаби 12-13 январ ба Тоҷикистон оварда шавад.
Мақомоти қудратии кишвар дар робита ба ин масъала иттилоъ намедиҳанд. “Азия-Плюс” талош кард назари расмии мақомотро дар ин маврид дарёфт кунад, вале муваффақ нашуд. Мақомоти Русия ҳам расман дар ин бора хабар надодаанд.
Радиои “Озодӣ” бо такя ба афроди наздик ба Амриддин навиштааст, ки “Аловатшоев пас аз тазоҳуроти моҳи ноябри соли гузашта дар назди сафорати Тоҷикистон дар Маскав таъқиб мешуд ва эҳтимол ӯро ду рӯз пеш дастгир кардаанд".
Вале аз Раёсати мубориза бо ҷиноятҳои созмонёфтаи ВКД дар мавриди эҳтимоли ба Тоҷикистон оварда шудани Амриддин Аловатшоев ба ин расона изҳори бехабарӣ карданд. Аз дафтари матбуотии ВКД низ гуфтаанд, аз боз шудани парванда нисбати Аловатшоев чизе намедонанд.
Хабарҳои зидди нақиз дар мавриди боздошт ва истирдоди Аловатшоев дар ҳолест, ки вазири энергетикаи Тоҷикистон ва зодаи ВМКБ Далер Ҷумъа рӯзи 10-уми январ дар ҷаласае дар Хоруғ Толиб Айёмбеков, Мунаввар Шанбиев, Хурсанд Мазоров ва Амриддин Аловатшоевро, ки қаблан ҳамчун раҳбарони ғайрирасмӣ номбар мешуданд, барои халал расондан ба кори мақомот гунаҳкор кардааст.
"Аз кормандони мақомоти давлатӣ талаб карда мешавад, ки ҷиддӣ машғул шаванд ва дар доираи қонун шахсони ҷинояткорро ба ҷавобгарӣ кашанд”,- гуфта буд ӯ.
Далер Ҷумъа, ҳамчунин, Амриддин Аловатшоевро ба "таҳрик додани ҷавонон аз хориҷа" муттаҳам карда буд.
Намояндагони ҷомеаи шаҳрвандии Бадахшон рӯзи 13-уми январ гуфтаанд, ки дар бораи дар куҷо будани Амриддин Аловатшоев иттилоъ надоранд, вале барои пайдо крадани маълумоти бештар дар бораи ӯ намояндаашонро ба ноҳияи Роштқалъа фиристодаанд, ки наздиконаш бори охир бо дар тамос буданд ё не.
Ёдовар мешавем, ки дар робита ба ҳаводиси моҳи октябри соли 2018 дар Бадахшон номи Амриддин Аловатшоев дар қатори раҳбарони дигари ғайрирасмии ВМКБ Маҳмадбоқир Маҳмадбоқиров, Толиб Айёмбеков, Мунаввар Шанбиев ва Хурсанд Мазоров гирифта шуда буд. Дертар ӯ зери санаде имзо гузошт, ки қонунро поймол намекунад ва ба кори мақомот дар Бадахшон дахолат намекунанд.
Ӯ чанд сол дар Тоҷикистон зиндагӣ карда, вақтҳои охир дар Русия кору иқомат мекард. Аз ӯ ҳамчунин яке аз ширкаткнунадагони вохӯрии сафири Тоҷикистон дар Русия дар робита ба ҳаводиси моҳи ноябри Хоруғ ном мебаранд.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Қабули санадҳо барои таҳсил дар хориҷа оғоз шуд. Кадом ҳуҷҷатҳо лозим аст?
Дар Душанбе як ноболиғи 17- сола падарандарашро куштааст
Ҳунарманде, ки бо ифтихор бори театру синаморо мекашад
50 ба 50. Телефон барои санҷиши номи муҳоҷирон дар “рӯйхати сиёҳ” чӣ хел кор мекунад?
Таҳқиқот: Беш аз 58% кӯдакони муҳоҷирон дар Русия забони русиро хуб медонанд
Намояндаи “Барқи тоҷик” гуфтааст, аз маҳдудияту интиқоли барқ ҳангома насозед ва онро сарфа кунед
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Маҷнун ба як сӯ, шутур ба сӯи дигар”
Мавқеи мунтахаби Тоҷикистон дар радабандии ФИФА беҳтар шуд
Дар ҷаласаи Шӯрои амнияти СААД Эмомалӣ Раҳмон ба ҳамтоҳои худ чӣ гуфт?
“Поям дард мекунад”. Дар Хуҷанд қариб 50% автобусҳо аз ҳаракат бозмондаанд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста