Консулгарии Тоҷикистон дар шаҳри Алматои Қазоқистон аз тоҷикони бурунмарзӣ ва шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар ин шаҳр кору таҳсил менамоянд, хоҳиш кардааст, ки дар робита ба бедарак ва ё дастгир шудани шаҳрвандони Тоҷикистон дар ин кишвар хабар диҳанд.
Консулгарӣ бо нашри эълон дар саҳифаи расмиаш дар “Фейсбук” навиштааст, ки ҳамчунин шаҳрвандони Тоҷикистон метавонанд, дар робита ба маълумоти қобили таваҷҷуҳ дар мавриди ҳодисаҳои охири Қазоқистон ба телефонҳои боварии Консулгарии генералӣ: +77272697059 ва +77775883115, инчунин суроғаи электронии намояндагӣ “tajconsalmaty@mfa.tj” хабар диҳанд.
Талаби консулгарии Алмато дар мавриди хабар додан аз бедарак ва ё дастгир шудани шаҳрвандони Тоҷикистон дар робита ба ҳаводиси охири Қазоқистон дар ҳолест, ки аз Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон гуфтанд, то ба ҳол дар мавриди зарар дидан ва ё гум шудани шаҳрвандони Тоҷикистон дар пайи ҳодисаҳои охири Қазоқистон маълумоте дастрас нест.
Аз ин ниҳод гуфтанд, ки онҳо дар якҷоягӣ бо сафорат ва консулгарии Тоҷикистон дар ин кишвар талош намуда истодаанд, ки дар робита ба ин масъала маълумот дастрас кунанд.
- Нашри эълон дар мавриди гум шудан ва ё дастгир шудани шаҳрвандони Тоҷикистон дар пайи ҳаводиси охири Қазоқистон дар Алмато ҳам идомаи чунин чорабиниҳо аст. Дар сурати муроҷаит мо онҳоро ба қайд мегирем ва иттилоъ медиҳем,- гуфтанд аз ВКХ Тоҷикистон.
Дар пайи даргириҳо дар Алмато бархе ҳамсояҳои ин кишвар, аз ҷумла Қирғизистон аз нопадид ва ҳатто дастгир шудани шаҳрвандонашон дар пайи ин ҳаводис хабар дода буданд.
Дар Қазоқистон, ки гуфта мешавад садҳо нафар шаҳрвандони Тоҷикистон низ кору таҳсил мекунанд, бо сабаби гарон шудани нархи гази моеъ аз аввали моҳи январ мардум ба эътироз баромаданд. Ин эътирозҳо ба хушунат печиданд.
Бо даъвати президенти ин кишвар, кишварҳои узви СПАД, аз ҷумла Тоҷикистон ба Қазоқистон сарбозу афсар фиристоданд ва онҳо баъди ором шудани вазъият оҳиста-оҳиста ин кишварро тарк мекунанд.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Баъди 13 рӯзи озодӣ аз маҳбас. Боздошти як ҷавон бо гумони дуздии телефону дучарха
Маошу нафақа ва идрорпулӣ дар соли 2025 аз кадом ҳисоб зиёд мешаванд?
Вазири дифои Тоҷикистон дар Эрон. Бо киҳо вохӯрд ва кадом масъалаҳо баррасӣ шуданд?
Дар Тоҷикистон расман бекорон қариб нестанд, вале...
Бо нозири минтақаи худ шинос шавед! Пулиси Душанбе “телеграм-бот”-и “Нозири минтақавии ман”-ро фаъол кард
Тоҷикистону Қирғизистон мехоҳанд хатсайри нави ҳавоӣ боз кунанд
Ҷароҳати 11 кас, кӯчонидани зарардидаҳо ва ҳаҷми кумакҳо ба сокинон. Ҷузъиёти рафъи паёмади заминларза дар Рашт
“Саргузашт”-и Пушкин ва мӯшикофии як ҷиноят. Дар рӯзи дуюми “Парасту-2025” дар оинаи театр чӣ ҷило ёфт?
Муҳити кӯҳӣ дар шаҳр. Рақобати дучархаронони 20 давлат дар Душанбе
Маскав интизор дорад, ки дар гузашти 9-уми май сарони 20 давлату ҳукумат ширкат кунанд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста