Нуриддин Саид, раиси Кумитаи телевизион ва радиои Тоҷикистон дар нишасти матбуотии ин ниҳод, имрӯз, 8-уми феврал, интиқодҳо дар мавриди пӯшиш надодани ҳаводиси марзиро рад кард, ва гуфт, ки "мо на ҳар иттилоъро нашр мекунем".
Мо изҳороти раиси Кумити давлатии амнияти миллии Тоҷикистон Саймумин Ятимовро ба забонҳои тоҷикиву русиву англисӣ тарҷума ва нашр кардем,-гуфт Нуриддин Саид.
Аммо раиси Кумита аз вуҷуди барномаҳои дигар ё нашри хабару гузоришҳои дигаре хабар надод.
"Кумитаи мо татбиқкунандаи сиёсати давлат дар соҳаи иттилот аст. Ҳама гуна иттилооте, ки хилофи истиқлоли давлатии мо аст, хилофи амну суботи давлати мо аст, хилофи ташаккулёбии миллати мо аст, худшиносии мили мо аст, ифтихори ватандории мо аст, шаъну шарафи шаҳрвандии мо аст, мо аз пахши чунин иттилоот тамоман худдорӣ кардем, мекунем ва дар оняда низ мекунем”, - изҳори назар кард Нуриддин Саид.
“Мо на ҳар иттилоъро нашр мекунем” гуфтани раиси Кумитаи телевизион ва радио дар ҳолест, ки коршиносони соҳаи ВАО заиф будани раоснаҳои Тоҷикистонро дар пушиши иттилоотӣ даргириҳои марзӣ миёни Тоҷикистону Қирғизистон ишора мекунанд.
Онҳо мегӯянд, дар чунин ҳолатҳо танҳо як ё ду расонаи мустақилу байналмилалӣ кӯшиш мекунанд ҳаводисро пушиш диҳанд, вале талевизионҳои давлатӣ дар робита ба даргирҳо хабару иттилоъе нашр намекунанд, танҳо бо нашри изҳороти расмӣ иктифо менамоянд.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Баъди 13 рӯзи озодӣ аз маҳбас. Боздошти як ҷавон бо гумони дуздии телефону дучарха
Маошу нафақа ва идрорпулӣ дар соли 2025 аз кадом ҳисоб зиёд мешаванд?
Вазири дифои Тоҷикистон дар Эрон. Бо киҳо вохӯрд ва кадом масъалаҳо баррасӣ шуданд?
Дар Тоҷикистон расман бекорон қариб нестанд, вале...
Бо нозири минтақаи худ шинос шавед! Пулиси Душанбе “телеграм-бот”-и “Нозири минтақавии ман”-ро фаъол кард
Тоҷикистону Қирғизистон мехоҳанд хатсайри нави ҳавоӣ боз кунанд
Ҷароҳати 11 кас, кӯчонидани зарардидаҳо ва ҳаҷми кумакҳо ба сокинон. Ҷузъиёти рафъи паёмади заминларза дар Рашт
“Саргузашт”-и Пушкин ва мӯшикофии як ҷиноят. Дар рӯзи дуюми “Парасту-2025” дар оинаи театр чӣ ҷило ёфт?
Муҳити кӯҳӣ дар шаҳр. Рақобати дучархаронони 20 давлат дар Душанбе
Маскав интизор дорад, ки дар гузашти 9-уми май сарони 20 давлату ҳукумат ширкат кунанд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста