Соли равон дар қаламрави Қазоқистон якчанд тамрини низомии неруҳои Созмони Паймони амнияти дастаҷамъӣ (СПАД) баргузор мешавад, хабар медиҳад КазТАГ бо истинод ба хадамоти матбуоти Вазорати дифои ин кишвар.
“Тирамоҳи соли ҷорӣ дар машқгоҳи “Матибулоқ”-и Қазоқистон баргузории тамрини махсуси воҳидҳои таъминоти моддӣ-техникии неруҳои дастаҷамъонаи СПАД - “Эшелон-2022”, тамрини махсуси неру ва воситаҳои иктишофии “Поиск-2022” ва тамрини ҳайати фармондеҳӣ-ситодии неруҳои дастаҷамъонаи вокуниши фаврии Созмон - “Взаимодействие-2022” ба нақша гирифта шудааст”, - омадааст дар хабар.
Тавре ки дар Вазорат хабар додаанд, дар машварати доир ба баррасии ин масоил доиргардида “тавофуқҳо ҳосил шуданд, ки ба таҳким ва рушди неру ва воситаҳои низоми амнияти дастаҷамъӣ равона мешаванд”.
“Дар машварат масоили таъмини амнияти ҳарбӣ дар минтақаи зери масъулияти Созмон, такмили механизмҳои вокуниши фаврӣ ва роҳандозии парвозҳои байнулмилалии авиатсияи Қувваҳои мусаллаҳи кишварҳои узви СПАД баррасӣ шуданд”, - зикр мегардад дар хабар.
Гуфта мешавад, ҷонибҳо инчунин нақшаи баргузории чорабиниҳо оид ба омодагии муштараки мақомоти идоракунӣ, ҷузъу томҳои неру ва воситаҳои низоми амнияти дастаҷамъиро дар соли 2022 тасдиқ карданд.
Қобили зикр аст, ки ба ҳайати СПАД кишварҳои Русия, Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон шомиланд.
Ёдрас мекунем, ки Неруҳои дастаҷамъии зудамали СААД барои вокуниши фаврӣ ба таҳдиду хатарҳо нисбат ба кишварҳои аъзи Созмон таъин шудаанд. Ин неруҳо бар асоси Қарори Шӯрои амнияти дастаҷамъии СААД аз 4 феврали соли 2009 ташкил карда шудаанд. Шумори умумии ҳайати он ҳудуди 18 ҳазор нафарро ташкил медиҳад.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Ҳеҷ гоҳ қаламро раҳо накард. Нигоҳе ба рӯзгори ятимӣ ва нақди адабии Соҳиб Табаров
Газ аз поруи чорво: биодайджестерҳо дар Тоҷикистон мушкили мардумро осон мекунанд
Дар мурофиаи чоруми чеҳраҳои шинохта 3 шоҳид алайҳи онҳо баромад кардааст
Таблиғи тарс: чӣ гуна муҳоҷирони тоҷик ҳамчун василаи таблиғ истифода мешаванд?
Корти бонкиро дар ватан фармоиш диҳед, дар Русия гиред
Озмуни “Фурӯғ...”. Рақобат барои “Шоҳҷоиза” чӣ гуна ҷараён гирифт?
Огоҳии дуюм. Вазорати меҳнат хабари пардохти кумакпулиро ба шаҳрвандон рад кард
“Дурӯғ, дурӯғи маҳз ва омор” Оё ҷинояткорӣ миёни муҳоҷирон дар Русия афзудааст?
Даромади операторони хусусии алоқа дар Тоҷикистон ба таври назаррас кам шуд
Қонунӣ шуд. Додрас шудан мехоҳӣ? Забони хориҷӣ омӯз!
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста