Баъди насби сарпӯшҳо (задвижка) дар канали Торткӯл дар оғози моҳи апрел, интизории сокинони ҷамоати марзии Чоркӯҳ дар мавриди обгирӣ ба дарозо накашид. Мардум умед доштанд, ки 15-уми апрел эҳтимол ба ин канал об меояд ва дар баробари ҳамсояҳо онҳо низ боғҳоро шодобу ҳавзҳоро пуроб мекунанд. Аммо ҳоло мегӯянд об омад, вале аз он бенасиб монданд.
Аз Идораи оби Исфара гуфтанд, мардум дар ин масъала нигарон набошанд ва дар сурати зиёд шудани манбаъҳои обӣ додугирифтро бо ҳамтоҳои қирғизи худ бештар мекунанд.
Бино ба муқаррароти аз қабл тасдиқшуда, ҳамасола аз 1-уми апрел то 1-уми июн оби канали Торткӯл пурра ба дарёи Исфара гардонда мешавад ва дар ин муддат заминҳои Исфара ва Конибодом шодоб мегарданд. Аммо ба гуфтаи сокинони ҷамоати Чоркӯҳ, ҳамасола дар ин муддат гоҳ-гоҳ ба канали Торткӯл низ об меомад ва аз он ҳамсояҳои қирғизу онҳо истифода мебурданд.
Аммо имсол, ки дар саргаҳҳҳои обгирии тоҷикҳо сарпӯшҳо гузошта шудааст, ҳарчанд рӯзҳои 15-уму 17-уми апрел ба канал об омадааст, вале мардуми тоҷик натавонистаанд, ки аз он об истифода кунанд.
Имсол насби сарпӯшҳо аз суйи кишвари ҳамсоя, сокинони чанд маҳаллаи ҷамоатҳои Чоркӯҳу Сурхи Исфараро дар мавриди обгирӣ нигарон карда буд.
Бобоҷон Зарифов, раиси маҳаллаи Ибод Файзуллоеви ҷамоати Чоркӯҳ, субҳи 18-уми апрел ба “Азия-Плюс” гуфт, рӯзҳои 15-16-уми апрел ба канали Торткӯл об омаду бегоҳии 17-уми апрел хушк шуд. Аммо гуфт ӯ, баъди он, ки ҷониби ҳамсоя дар саргаҳи бархе аз ҷӯйборҳои онҳо сарпӯш гузошт, ин даъфа ба хонаҳои сокинон об нагузашт.
“Мисол калонҳо бо қирғизҳо гапзанон кунанду агар 200 литр об мегирифта бошанд, онро 300 литр кунанду 100 литри онро хуб мешуд ба маҳаллаҳои Ибод Файзуллоев, Лангар ва Қуммазор диҳанд, ки ҳоҷат ба нигаронӣ ҳам намемонад. Баъзе дарахтон ба беобӣ тобовар, вале баъзе дигар аз беобӣ хушк мешавад. Мардум бояд ҳавзҳоро бо оби нӯшокӣ пур кунанд, вале натавонистанд онро пур кунанд, як қатра ҳам об нагузашт. Ҳоло дар ҳавзҳо об ҳаст, вале кам”,-мегӯяд, Зарифов.
Ҷамшед Раҳматов, сокини дигари маҳаллаи Ибод Файзуллоев низ таъйид кард, ки ду рӯзи ахир дар канали Торткӯл об буд. Вай мегӯяд, солҳои пеш дар саргаҳи ҷӯйборҳо сарпӯш набуд ва ҳангоми омадани об ба ин канал мардум боғҳоро шодоб ва ҳавзҳоро пур мекарданд, обе, ки солҳои пеш ба канал меомад ба онҳову ҳамсояҳои қирғизашон мерасид.
“Мо ба саргаҳи об баромада наметавонем, иҷозат намедиҳанд. Ҳавзҳоро пур карда натавонистем, намедонем акнун чӣ мешавад. Ҳоло он сокиноне, ки ба ҷуйбори поёнтари маҳалла наздиканд об кашонда хӯрда истодааст. Вале мардуми болотари маҳалла аз ин ҷӯйбор дуранд, бо мошин об мекашонанд ё наметавонанд. Оби ҳавз ганда мешавад, зеро чанд моҳ пештар пур карда будем”,- мегӯяд ин сокини Чоркӯҳ.
Ҳафтаи пеш Шукурхон Насриев, раиси ҷамоати Чоркӯҳ ба “Азия-Плюс” гуфта буд, ки дар канали Торткӯл саргаҳи 9 ҷӯйбори сокинон ин ҷамоат ҷойгир аст ва ба саргаҳи чандтои он клапани дарғот (задвижка) задаанд. Ҷониби ҳамсоя ин корро бе даъвати онҳо анҷом доданд ва раиси Чоркӯҳ мегӯяд, дархост кардем, ки якбор даромада бубинем, иҷозат надоданд. Қирғизҳо ба дархости онҳо гуфтаанд, сарпӯшҳоро ба хотири хизматрасонии сифати баланд гузошта истодаанд.
“Ин канали “Дӯстӣ” ном дорад, қирғизҳо худашон онро Торткӯл ном гузоштанд, тибқи харитаи соли 1989 аз қисмати Чоркӯҳ ва қисман ҷамоати Сурх гузашта, баъд ба Бодканд меравад. Аз ин канал ҳудуди 10 ҳазор аҳолии Чоркӯҳ оби полезиву нушокӣ мегиранд”,-гуфта буд раиси ҷамоат.
Рустам Шомирсаидов, раиси Идораи хоҷагии оби Исфара мегӯяд, ҳоло миёни ноҳияҳои марзии Исфара, Бобоҷон Ғафуров ва Бодканд як комиссияи корӣ амал мекунад ва ҳамаи муаммоҳои марбут ба обро дар ҷояш ҳал мекунанд. Аммо ӯ гуфт, имсол ба фарқ аз солҳои гузашта соли камобӣ аст.
“Имсол камобӣ аст, нисбат ба соли гузашта 20-30% дар дарё об кам аст. Аз 1-уми июн, ки маҷрои оби худи қирғизҳо то 20% мебарояд оби дарё ҳам калон мешавад ва баъд ба Торткӯл об мегирем, ин ҳамасола чунин аст. Пасон ҳам мардуми мо ва ҳам онҳо об мегиранд. Лекин ба он нигоҳ накарда, мо ҳоло гапзанон карда истодаем, ки ҳамсояҳо аз ҳисоби обанбори худ 1 метри мукааб оби зиёдӣ диҳанд ва мо низ аз ин ҷо 1 метри мукааб об медиҳем. Ҳам худашон мегиранд ва ҳам мардуми мо об мегиранд. Давоми ду рӯзи охир мо дар ин масъала ба мувофиқа расидем”.
Ин масъули идораи оби Исфара аммо дар масъалаи насби сарпӯшҳо дар саргаҳи канали Торткӯл гуфт, ки қаблан ба канал сангу регу ҷизҳои дигар мепартофтанд, насби сарпӯшҳо дар мувофиқаи ҷонибҳо насб шудааст. Вай афзуд, “кормандони идораи об дар кушодану тоза кардан азоб мекашиданд. Ин зери назорати идораҳои об аст ва бисёр воҳима набояд кард, дар ин масъала ҷойи хавотирӣ вуҷуд надорад. Касоне, ки ҳавзҳоро бо об пур карда истеъмол мекарданд, боз дигар сарчашмаи оби нӯшокӣ доранд, муаммо нест. Ягон сол чунин муаммои об набуд, ба ҳар ҳол мо ин масъаларо фикр карда истодаем, агар шароит шуду об каме зиёд шавад, доду гирифт мекунем”.
Ба гуфтаи сокинони Чоркӯҳ, мушкили обгирӣ аз канали Торткӯл баъди солҳои 2010 ба миён омад. То он замон намояндагони хоҷагии оби Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва Қирғизистон тақсими оби ин каналро аз Маркази тақсими оби “Главной” назорат мекарданд, вале ҳоло ин масъулиятро бештар қирғизҳо ба даст гирифтаанд. Тариқи ин канал ба мавзеи Минбулоқи Бодканд ва то болои ҷамоати Сурхи Исфара об ҷорӣ мешавад. Аммо ҳоло сокинон мегӯянд, ҷониби ҳамсоя дар болотари маҳаллаҳои Чоркӯҳ боғи навбунёди зардолу сохта, сари чанд вақт барои обёрии он ба канал об ҷорӣ мекунад, вале онро бо ҳамсояҳо ба ҳам намебинанд.
Ин дар ҳолест, ки бино ба гуфтаи мақомоти тоҷик сар аз моҳи апрел то оғози моҳи июн оби канали Торткӯл пурра ба дарёи Исфара бояд партофта шавад.
Парвандаи ҷиноятӣ барои “лайк”. Пас аз интиқоди Эмомалӣ Раҳмон вазъ тағйир меёбад?
Усмонзода бозпурсӣ шуд. Мурофиаи сеюми чеҳраҳои шинохта боз ҳам паси дарҳои баста баргузор шуд
Арзиши барқ барои корхонаи истеҳсоли нуриҳои минералӣ - “Азот” поин рафт
Ӯзбекистон маблағи пардохти гумрукиро барои сементи Тоҷикистон 9 баробар зиёд кард
“Моро дар кӯча намонед”. Муроҷиати сокинони биное дар Душанбе ба додситони кул
Як кушта ва ду захмӣ. Дар ноҳияи Ванҷ се мард зери тарма мондаанд
Гази моеъ қариб 1 сомонӣ гарон шуд. Сокинон мегӯянд, пайдо кардани ин навъи сӯзишворӣ душвор шудааст
“Беш аз 100 мансабдор бозпурсӣ ва 20 нафарашон ба додгоҳ даъват шуданд”. Мурофиаи Аҳмади Иброҳим оғоз шудааст
“Telegram Premium” ҳамчун “туҳфа”. Додситонии кул гуфт, ин кори дасти қаллобон аст
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Аттор ва беморе, ки гил мехурд”
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста