Гулбиддин Ҳикматёр, раиси Ҳизби исломии Афғонистон ва яке аз сиёсатмадорони баҳсбарангези Афғонистон, дар намози ҷумъаи 6-уми май дар Кобул Тоҷикистонро барои пуштибонӣ ва ҷой додани роҳбарони Ҷабҳаи муқовимат дар хоки худ интиқод кард. Ӯ Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистонро мухолифини мусаллаҳи давлат ном бурд.
Ӯ гуфт, ин ба он маъно аст, ки Тоҷикистон бо Афғонистони ҳамсояааш ҷанг эълон кардааст.
Ҳикматёр ҳамчунин, Тоҷикистонро ба он гунаҳкор кардаст, ки ба ихтиёри мухолифини ҳукумати Толибон пойгоҳҳо гузоштааст, то онҳо омӯзиш гирифта, мусаллаҳ шаванд.
Ин изҳороти Ҳикматёр дар ҳолест, ки то кунун ҳеч гоҳе аз раҳбарони ин ҷабҳа, на Аҳмади Масъуд ва дигар чеҳраҳои он, аз ҷумла Амрулло Солеҳ, муовини пешини Ашраф Ғанӣ нагуфтаанд, ки дар Тоҷикистон қарор доранд.
Дар робита, ба иддаоҳои охири Гулбидин Ҳикматёр, “Азия Плюс” тасмим гирифт, ки ба коршиносон бо ду суол муроҷиат кунад:
- Ба андешаи Шумо иддаоҳои навбатии Ҳикматёр чӣ маъно дорад ва оё воқеан ҳам паноҳгоҳи Ҷабҳаи Аҳмад Масъуд Тоҷикистон аст?
- Баъди ин изҳорот масъалаи таъмини амнияти Тоҷикистон ва кишварҳои дигари Осиёи Марказӣ ба куҷо мекашад?
“Аз ҳар тиру мушак, ки ба Тоҷикистон партофта мешавад, мушкил сохтан лозим нест”
Сайфулло Сафаров, муовини пешини раиси Маркази тадқиқоти стратегии Тоҷикистон:
Аслан сухани ӯ ҳеҷ таъсире ба сиёсат надорад. Лекин аз сабаби он ки Гулбиддин Ҳикматёр дар гузашта яке аз шахсиятҳои калидӣ дар ҳаракатҳои муҷоҳидин ва ҳамчун шахси калонсол дар Афғонистон қобили эҳтиром аст, сухани ӯ як ҳушдор аст.
Вале Тоҷикистон нисбати Афғонистон ҳеҷ гоҳ нияти бад надошт ва надорад. Яъне на ба ҳукумати пешин кор дошт ва на ба ҳукумати “Толибон”. Чунки ин кори дохилии худи мардуми Афғоинстон аст. Агар мардуми Афғонистон онҳоро қабул доранд, бигзор бошад. Ва агар ҳам надоранд, кори мардуми ин кишвар аст ва на кори Тоҷикистону мардумаш.
Тоҷикистон ба мухолифини ҳукумати “Толибон” паногоҳ надодааст ва ин ҳарф дуруғи беш нест.
Дар Тоҷикистон мардуме ҳам ҳаст, ки бар муқобили Афғонистон баъзе хабару овозаҳои беасос паҳн мекунанд. Вале ин мавқеъи расмии Тоҷикистон нест ва он ба мавқеи мардуми Тоҷикистон низ созгор нест ва дастгирӣ ҳам намеёбанд.
Чунин нафарон дар дохили Афғонистон низ ҳастанд, ки бар зидди Тоҷикистон бадгӯӣ мекунанд.
2. Аз ҳар тиру туфанг ва мушаке ки тасодуфан ба тарафи мо мегузарад, мушкил сохтан лозим нест. Чунин изҳорот ва “мушакпартоӣ” ба амнияти мо таъсир намерасонад. Чунки дар ҳолати зарурӣ қувваҳои марзбонии Тоҷикистон имкони хуби ҷавоб доданро доранд.
Дар ҳамсоягӣ набояд аз пашша фил сохт ва барои як кайк пӯстинро сухт. Ҳамчунин, дар ҳамсоягӣ гапҳои пасту баланд оқибати хуб надорад ва вазъиятро вахим кардан ҳеҷ зарурат надорад.
Гулбиддин Ҳикматёр – сухангӯи ғайрирасмии “Толибон“
Раҳматулло Абдуллоев, коршиноси масоили Афғонистону Эрон
- Аслан дар пасманзари ҳодисаҳое, ки дар Афғонистон ба амал меоянд ва илова ба саъю кӯшиши низоми имрӯзаи ҳоким дар ин кишвар барои ба даст овардани машруияти байналмилалӣ изҳороти Гулбиддин Ҳикматёр бояд ҷиддӣ шинохта шавад. Зеро баъд аз 7-8 моҳи дар сари қудрат будани “Толибон” ягон давлат барои расман шинохти низоми онҳо иқдом накард ва “Толибон”-у ҳамтоёнашон кишварҳои ҳамсоя (ба ҷуз аз Покистон)-ро дар пуштибонӣ аз неруҳои мухолифи ҳукуматашон айбдор мекунанд. Гулбиддин Ҳикматёр, ки имрӯз ба сифати сухангӯи ғайрирасмии низоми толибонӣ шинохта мешавад, ин матлабро на аз пеши худ, балки бо мувофиқа бо роҳбарияти имрӯзаи Афғонистон гуфтааст.
Аслан, мухолифини ҳукумати имрӯзаи “Толибон” аз ҳисоби ҳукумати Ашраф Ғанӣ дар ҳамаи кишварҳои ҳамсояи Афғонистон ҷой доранд ва ин ба ҳеҷ кас пушида нест. Чунки худи низомиёни собиқи Афғонистон дар ин бора изҳорот додаанд. Ин ки як идда низомиёни собиқи ин кишвар ба хоки Тоҷикистон омада, дар инҷо паноҳ бурдаанд, як чизи муқарарӣ аст. Низом тағйир хӯрд ва агар онҳо намегурехтанд, ба ҷонашон хатар буд. Дар ҳамин ҳол, Тоҷикистон низ нуқтаи ниҳоии онҳо нест ва онҳо баъд аз ин дар ҷустуҷӯи кишварҳои тараққикарда мешаванд. Яъне будубоши онҳо дар Тоҷикистон муваққатӣ аст.
Вале агар гап сари роҳбарияти Ҷабҳаи муқовимати миллӣ дар Панҷшер, махсусан Аҳмад Масъуд равад, ӯ натанҳо дар Тоҷикистон будубош дорад, балки ҳамингунае, ки дар Тоҷикистон будубош дорад, дар Эрон, Арабистон ва Туркия ҳаст. Яъне ӯ шахсияте аст, ки дар бисёр кишварҳои минтақа ӯро мешиносанд ва барои ширкат дар ҷаласаҳое даъват мешавад. Вале Тоҷикистон махсусан барои вай паноҳгоҳ надодааст.
Вале инҷо мавзуъ сари он аст, ки Толибон дар нокомии сиёсти байналмилалии худ тамоми кишварҳои ҳамсоя (ба ҷуз аз Покистон)-ро гунаҳкор медонанд ва вақтҳои охир ба сӯи ҳомиёни асосии худ Покистон ҳам санг меандозанд. Яъне танҳо аз ин зовия Тоҷикистон ҳадафи боз як тавтеа ва дасисаҳои низоми имрӯзаи толибонӣ қарор гирифтааст.
2. Он низоме ки имрӯз дар сари қудрат аст, мехоҳад, танҳо бо роҳи зурӣ, силоҳ, пахш кардани муқовимати ҳаргуна мухолифон низоми шадиди миллатгарову иртиҷоии худро ба сари мардум бор кунад.
Ҳамаи низоъу даргириҳои Афғонистон барои Тоҷикистон хатар дорад. Тоҷикистон дар муқобилият нишон додан дар таҳдидҳои Афғонистон танҳо нест, ҳама кишварҳои минтақа, гарчи бо роҳи худ мехоҳанд муносибатҳои дутарафаи худро бо Толибон ҳал кунанд, вале таҷрибаи гузашта ва имрӯзаи ин низом собит месозад, ки он тарафдори ҳалли мушкилоти Афғонистон нест. Онҳо мехоҳанд, ки аз мавқеи зургӯии худ ақиб нанишинанд ва аз ин лиҳоз мо бояд имконияу иқтидоре дошта бошем, ки ба ҳамин гуна дасисаву амалиётҳои ҷинояткорона ҷавоб дода тавонем.
Ҳеҷ гоҳ қаламро раҳо накард. Нигоҳе ба рӯзгори ятимӣ ва нақди адабии Соҳиб Табаров
Газ аз поруи чорво: биодайджестерҳо дар Тоҷикистон мушкили мардумро осон мекунанд
Дар мурофиаи чоруми чеҳраҳои шинохта 3 шоҳид алайҳи онҳо баромад кардааст
Таблиғи тарс: чӣ гуна муҳоҷирони тоҷик ҳамчун василаи таблиғ истифода мешаванд?
Корти бонкиро дар ватан фармоиш диҳед, дар Русия гиред
Озмуни “Фурӯғ...”. Рақобат барои “Шоҳҷоиза” чӣ гуна ҷараён гирифт?
Огоҳии дуюм. Вазорати меҳнат хабари пардохти кумакпулиро ба шаҳрвандон рад кард
“Дурӯғ, дурӯғи маҳз ва омор” Оё ҷинояткорӣ миёни муҳоҷирон дар Русия афзудааст?
Даромади операторони хусусии алоқа дар Тоҷикистон ба таври назаррас кам шуд
Қонунӣ шуд. Додрас шудан мехоҳӣ? Забони хориҷӣ омӯз!
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста