Дар Душанбе шахсони номаълум ба хабарнигорони бахши тоҷикии радиои "Озодӣ" - Муллораҷаб Юсуфӣ, Барот Юсуфӣ ва хабарнигори "Настояшее Время", Анушервон Орипов ва Насим Исамов ҳамла кардаанд. Дар ин бора худи радиои "Озодӣ" хабар медиҳад.
Бино ба иттилои "Озодӣ" ҳамла ба хабарнигорони ин расона пас аз он рух додааст, ки онҳо бо рӯзноманигор ва фаъоли иҷтимоӣ Улфатхонум Мамадшоева, ки мақомот ӯро яке аз ташкилкунандагони эътирозҳои рӯзи 16-уми май дар Хоруғ медонанд, рух додааст.
Раҳбарии радиои "Озодӣ" мегӯянд, ки онҳо аз ин ҳамла ба Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон шикоят бурдаанд ва ин ниҳод аризаи онҳоро пазируфтааст.
Ба нақли Муллораҷаб Юсуфзода, чун онҳо мусоҳибаро тамом мекунанд ва мехоҳанд ба мошин нишаста ба ҷойи кор баргарданд, шахсони номаълуме ба онҳо ҳуҷум мекунанд.
«Имрӯз, соати 14, ба манзили Улфатхонум Мамадшоева рафта, сад метр дуртар аз хонааш суҳбат кардем. Вақте ӯ баргашт ва мо ба назди мошин расидем, ду нафар омада, ману наворбардорро заданд ва фақат мегуфтанд, телефону камераро диҳед. Якеаш гуфт, “Муллораҷаб, ба Худо, мепарронамат.” Ду-се мушт заданд. Телефону ҷузвдонро гирифтанд. Пулҳоро гардонда, чизҳои дигарро бо худ бурданд,” – нақл мекунад Муллораҷаб.
Ин рӯзноманигор мегӯяд, ки ҳарчанд аз ҳамлаварон пурсидаанд, ки шумо кӣ ҳастед ва чӣ мехоҳед онҳо худро муаррифӣ накардаанд ва такрори ба такрор аз рӯзноманигор хостаанд, ки телефонашро бидиҳад.
Дар гузорише, ки "Озодӣ" нашр кардааст, хабарнигори телевизиони «Настояшее Время» мегӯяд, ки ба ӯ ва наворбардораш ҳам айни чунин ҳодиса рух додааст.
Дар маҷмуъ, бино ба иттилои хабарнигорони "Озодӣ" ва «Настояшее Время» аз онҳо ҳафт телефон ва як дастгоҳи наворгириро кашида гирифтаанд. Ба қавли Анушервон Орифов, ҳамлаварон гуфтаанд, хабарнигорон дастгоҳҳоро дертар хоҳанд гирифт, аммо нагуфтаанд, ки кай ва аз куҷо.
Анушервон Орипов мегӯяд, ки пас ан анҷоми мусоҳиба, роҳи мошини онҳоро як мошини сафеди шишасиёҳи хориҷии "Камри", ки рақами қайди давлатӣ надошт гирифт ва аз дохили он нафраони либоси варзишипӯш берун омада, онҳоро ба пошин пахш карда аз онҳо ҳамаи лавозими хабарнигорӣ, аз ҷумла телефон ва камераи раворбардорияшонро гирифтаанд.
"Мо аз онҳо хостем, ки худро муаррифӣ кунанд, накарданд ва вақте гуфтем, ки мо рӯзноманигор ҳастем, онҳо гуфтанд, ки медонем, ки шумо кӣ ҳастед".
Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.




Масъуди Пизишкиён гуфт, Эрон бо кадом шарт ба кишварҳои ҳамсояаш ҳамла намекунад. Рӯзи ҳаштуми ҷанг дар Эрон ва вазъ дар Ховари Миёна
"Азия-Плюс" ба зиндони занонаи Норак беш аз 500 китоб тақдим кард ва бо шароити маҳбусон шинос шуд
Ҷасади Таҳминаи 21-соларо баъди як моҳи бедаракшавӣ дар наздикии марз бо Ӯзбекистон аз дарё пайдо карданд
"Moody’s" мавқеи соҳибихтиёрии қарзии Тоҷикистонро як зина беҳтар арзёбӣ кардааст
Бордорконии "ЭКО" дар Ислом – иҷоза аст ё мамнӯъ? Муфтии Тоҷикистон посух дод
Қариб 290 шаҳрванди Тоҷикистон то шоми 6-уми март аз Эрон берун шудаанд
“Беморон ранҷ кашиданд”. Нақли тоҷиконе, ки дар авҷи ҷанг аз Эрон ба Тоҷикистон баргаштанд
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 марти соли 2026
Наздики 120 шаҳрванди Тоҷикистон бо як парвози чартерӣ аз Дубай ба Душанбе баргаштаанд
Эмомалӣ Раҳмон дар сохтори Додгоҳи олӣ, Додситонии кул ва ВКД тағйироти кадрӣ анҷом дод
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста