Юсуф Раҳмон, додситони кулли Тоҷикистон бо Стивен Кавана, муовини Котиби генералии Ташкилоти байналмилалии пулиси ҷиноятӣ (INTERPOL) мулоқот карда, масъалаҳои ҳамкории дуҷонибаро баррасӣ намудааст.
Тавре сомонаи расмии Додситонии кулли Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, мулоқоти ду ҷониб дирӯз, 18-уми сентябр, дар шаҳри Лиони Фаронса баргузор гардидааст.
Ба гуфтаи манбаъ, масъалаҳои марбут ба кофтукови байналмилалии ҷинояткорон мавзӯи асосии ин мулоқот будааст.
“Дар рафти мулоқот ҷонибҳо истифодаи бурҷҳои гуногуни INTERPOL ҳангоми кофтукови категорияҳои гуногуни ҷинояткорон ва шахсони бедарак гумшуда, пешгирии сафари террористон тавассути сарҳадҳои кишварҳои аъзои INTERPOL, пайвастагии доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба махзанҳои иттилоотии INTERPOL ва дигар масъалаҳои боиси таваҷҷуҳи якдигар баррасӣ карда шуданд”, - хабар додааст Додситонии кулл.
Баъди мулоқот, мулоқотҳои ҷудогонаи мутахассисони ду ҷониб оид ба махзанҳои INTERPOL ворид намудани шахсони ҷиноятҳои хусусияти экстремистӣ-террористӣ содирнамуда ва дар кофтукови байналмилалӣ қарордошта сурат гирифтааст.
Манбаъ таъкид доштааст, ки пас аз мулоқот “ҷонибҳо дар самтҳои гуногуни ҳамкорӣ ба натиҷаҳои назаррас ноил гаштанд”.
Гуфтан ба маврид аст, ки айни замон Тоҷикистон тавассути INTERPOL 39 шаҳрванди худро ҷустуҷӯ мекунад, ки бештари онҳо барои содир кардани ҷиноятҳои марбут ба терроризму экстремизм муттаҳам мешаванд.
Бо рӯйхати пурраи нафарони ҷустуҷӯшаванда метавонед дар сомонаи INTERPOL шинос шавед.
Ёдовар мешавем, ки Ташкилоти байналмилалии пулиси ҷиноятӣ ё худ INTERPOL аз соли 1956 фаъолият карда, вазифаи асосиаш якҷоя будани кишварҳои аъзо бар зидди ҷиноятҳои умумӣ ҳаст.
“Сарбозшикор”. Чӣ бояд кард, агар “облава” шудед?
Роҳе, ки се моҳ пеш аз “киса”-и муҳоҷирону сокинон сохта шуд, қисман хароб гардидааст
Боздошти як мард бо гумони латукӯби ҳамсари додараш, ки ба марг оварда расонид
БОР дар ду соли наздик рушди устувори иқтисоди Тоҷикистонро пешгӯӣ мекунад
Чаро нархи истифодаи барқ дар Тоҷикистон доимо боло меравад?
Дар “Dushanbe Grand Slam-2025” 36 ҷудокори тоҷик ширкат мекунанд. Онҳо киҳоянд?
“Парасту-2025”: Кай ва дар куҷо кадом намоишнома ба саҳна гузошта мешавад?
Шиносоии сарвазири Тоҷикистон аз сохтмони иншооти ҷашнӣ дар Хатлон
Дар пайи фаромадани тарма дар Рӯшон роҳи Душанбе-Хоруғ муваққатан баста аст
“Шаш касро аз коми оташ наҷот доданд”. Ҷузъиёти сӯхтор дар маркази Душанбе
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста