Зимни ҷаласаи 16-уми Ассамблеяи парлумонии Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (СААД) дабири кулли Созмон Имангалӣ Тасмагамбетов изҳор дошт, ки дар соли 2024 Созмон баргузории 7 машқи муштараки ҷангиро дар қаламрави Русия, Қазоқистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон ба нақша гирифтааст.
“Дар соли 2024 барномаи васеи чорабиниҳо оид ба омодагии муштараки ҷангӣ таҳия шуда, дар маҷмӯъ, баргузории ҳафт тамрин пешбинӣ шудааст”, - овардааст ТАСС гуфтаҳои дабири кулли Созмонро.
Ӯ зикр кардааст, чорабиниҳои дахлдор дар ин маврид “дар қаламрави кишварҳои Қазоқистон, Қирғизистон, Русия ва Тоҷикистон баргузор мешаванд”.
Тасмагамбетов шарҳ додааст, ки дар тамринҳо Неруҳои дастаҷамъонаи вокуниши фаврӣ, Неруҳои дастаҷамъонаи вокуниши фаврии минтақаи Осиёи Марказӣ, Неруҳои ҳомии сулҳи СААД, неру ва воситаҳои таъминоти моддӣ-техникӣ, иктишоф, мақомоти идоракунӣ ва воҳидҳои таъиноти махсуси СААД иштирок мекунанд.
Дар ҳамин ҳол, раиси палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода зимни суханронӣ дар ҷаласаи Шӯрои Ассамблеяи парлумонии СААД дар Маскав изҳори умедворӣ кардааст, ки шарикии стратегӣ байни кишварҳои узви Созмон минбаъд ҳам ба хотири таъмини сулҳу субот рушд хоҳанд кард.
Ӯ даъват намудааст, ки барои муқовимат бо таҳдиду чолишҳо таъмини амният дар марзҳои ҷанубӣ мустаҳкам карда шавад.
Ба гуфтаи ӯ, кишварҳо бояд самаранокии ҳамкориро дар соҳаи низомӣ тақвият диҳанд, аз ҷумла ҷиҳати истодагарӣ ва муқовимат ба вуруди гурӯҳҳои террористӣ, хариду фурӯши маводи нашъаовар, чолишҳои ҷинояткориҳои муташаккили фаромиллӣ.




Сабикаҳои тиллои Бонки миллии Тоҷикистон дар соли 2025 қариб 40% гарон шуданд
Теъдоди донишҷӯёни тоҷикистонӣ дар Ӯзбекистон дар соли 2025-ум 2 баробар зиёд шудааст
Баъди ҳамлаҳои мусаллаҳона аз Афғонистон сохтмони як роҳи байналмилалӣ дар Дарвоз қатъ шудааст
Дар Тоҷикистон гирифтани тасдиқи маълумотнома дар бораи вазъи оилавӣ ба таври онлайнӣ ба роҳ монда шуд
Ҳукумати нав сохтанд ё ҷойгузини ҳам шуданд? Дар Украина чанд мансабдор аз вазифа рафт
Тағйироти кадрӣ. Ёрдамчии раисҷумҳур ва роҳбарони 9 шаҳру навоҳӣ нав шуданд
Боздошти як зодаи Тоҷикистон дар Русия дар робита ба марги як блогери рус
Пахта дар бозори ҷаҳонӣ қимат мешавад. Ин ба Тоҷикистон чӣ фоида дорад?
Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонии амнияти занон зинаи 89-умро касб кард
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Ҳикояи “Хоб”-и Юнус Юсуфӣ |Қисми 2
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста