Родон Аҳмадризо, фармондеҳи кулли интизомии Эрон, дар доираи сафараш ба Тоҷикистон, рӯзи 25-уми декабр аз ягонҳои Фамондеҳии нерӯҳо (ҷузъу томҳои Раёсати қӯшунҳо)-и дохилии ВКД боздид кардааст. Дар ҷараёни ин боздид, ӯ ба шуъбаи махсуси зудамали воҳиди низомии 3502-и Маркази навоварии Нерӯҳои дохилӣ рафта, “бо дастовардҳои муосири соҳа” шинос шудааст.
Тибқи иттилои расмӣ, ба ӯ техникаву таҷҳизоти махсуси низомӣ, паҳподҳои хурд (дронҳо) ва сомонаи паҳподии шиносоии ҳавоиро, ки дар фаъолияти Нерӯҳои дохилӣ истифода мешудаанд, нишон додаанд.
Ҳамчунин, Родон Аҳмадризо аз тамринҳои шуъбаи зудамал, ки дар он низомиёни тоҷик “истифода аз силоҳҳои муосир, усулҳои ҷанги тан ба тан ва ҳамоҳангии ягонҳо дар амалиётҳои махсус”-ро ба намоиш гузоштаанд, боздид кардааст.
Пештар аз ин Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон бо Родон Аҳмадризо дидор карда, “ҳамкориҳои ду кишвар дар соҳаи мубориза бар зидди ҷинояткорӣ, тартиботи ҳуқуқӣ ва амниятиро мавриди баррасӣ қарор додаанд”.

Ба иттилои Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон, дар ин мулоқот, ки ҷонибҳо барои муқовимати муассир бо терроризму ифротгароӣ, инчунин, қочоқи маводи мухаддир, ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ ва сайберҷиноятҳо андешидани иқдомҳои муштаракро зарур донистаанд.




Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 6 январи соли 2026
“Бо нерӯ ва фарогирӣ касро ба ҳайрат меорад”. Чаро пурҷоизатарин филми тоҷикӣ – “Дов”-ро бояд тамошо кард?
Тоҷикистон ба Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ гуфтааст, ки чаро Владимир Путинро боздошт накард
Раиси ҷамъияти тоҷикон дар Пермро аз шаҳрвандии Русия маҳрум ва аз ин кишвар ихроҷ кардаанд
“Паём ба Чину Русияву Эрон ва таҳдид ба низоми ҷаҳон”. Рабудани раисҷумҳури Венесуэла аз сӯйи Амрико чӣ паёмад дорад?
Нархи парасторӣ дар кӯдакистонҳои давлатӣ боло рафт
Аз Асланшоҳ Раҳматуллоев ва Кароматуллоҳи Мирзо то “Зорро” ва Шариф Назаров. Дар соли 2025 миллати тоҷик киҳоро аз даст дод?
Русия мегӯяд, дар 11 моҳи соли гузашта беш аз 54 ҳазор муҳоҷирро ихроҷ кардааст
Боздошти ҷавоне дар Муъминобод бо гумони куштори ҳамсари собиқаш
Рустам Ятимов - бозингари сол дар мусобиқоти Ҷоми Русия
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста