Амирхон Муттақӣ, вазири корҳои хориҷии ҳукумати Толибон* гуфтааст, ки дар пайи даргирии охир дар марзи Тоҷикистону Афғонистон, бо Сироҷиддин Муҳриддин, ҳамтои тоҷикаш суҳбати телефонӣ анҷом додааст. Мақомоти Тоҷикистон то ҳол дар ин бора расман хабар надодаанд.
Задухӯрд дар марзи ду кишвар се рӯз қабл сурат гирифта, дар пайи он, ба иттилои мақомоти Тоҷикистон, ду афсари тоҷик ва се ҳамлавар кушта шудаанд.
Вазири корҳои хориҷии Толибон дирӯз, 27-уми декабр, дар нишасте ба муносибати 46-умин солгарди ҳамлаи Шӯравӣ ба Афғонистон дар Кобул гуфтааст, ки дар робита ба даргирии маргбори охир дар марзи Тоҷикистону Афғонистон “таҳқиқоти ҷиддӣ”-ро оғоз кардаанд.
Ӯ изҳор доштааст, ки “ҳалқаҳои муғриз” дар пайи барҳам задани робитаҳои Толибон бо Тоҷикистон ҳастанд ва мехоҳанд фазоро “ноамн ҷилва диҳанд”.
Муттақӣ гуфтааст, “бо вазири умури хориҷаи Тоҷикистон тамос гирифтаем ва якҷо кор мекунем, то аз чунин рӯйдодҳо пешгирӣ шавад”. Ӯ ҷузъиёти бештаре дар ин маврид ироа накардааст ва нагуфтааст, ки ин суҳбат кай анҷом шудааст.
Ҷониби Тоҷикистон то кунун дар ин маврид изҳори назаре накардааст.
Дар 4 соли ҳукумат кардани “Толибон” дар Афғонистон ин бори дуюм аст, ки суҳбати телефонии вазири корҳои хориҷии ин гурӯҳ бо ҳамтои тоҷикаш расонаӣ мешавад. Бори аввал онҳо аввали моҳи декабр дар пайи ду ҳамла аз хоки Афғонистон ба минтақаҳои марзии Тоҷикистон, ки дар охири моҳи ноябр анҷом шуда, ба куштаву захмӣ шудани 10 шаҳрванди Чин боис шуд, гуфтугӯ карда буданд.
Бояд гуфт, дар даргирии ахири сарҳадӣ, ки ба иттилои Нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон, рӯзи 24-уми декабр миёни марзбонҳои тоҷик ва як гурӯҳи мусаллаҳ аз Афғонистон рух дод, 5 тан – 2 афсари тоҷик ва 3 “узви ташкилоти террористӣ” кушта шудаанд. Ба гуфтаи ин ниҳод, ҳамлагарон дар минтақаи муҳофизатии дидбонгоҳи сарҳадии №5-и "Боғ", воҳиди низомии "Сарчашма”-и ноҳияи Шамсиддин Шоҳин сарҳадро убур карда, мехостанд ҳамлаи мусаллаҳона анҷом диҳанд.
Нерӯҳои марзбонӣ гуфт, аз ҳамлаварони кушташуда 3 силоҳи оташфишони М-16, автомати Калашников, 3 таппонча, 10 норинҷаки дастӣ, як дурбини шаббин, маводи тарканда ва дигар муҳимоти ҷангӣ мусодира гардид.
Мақомоти тоҷик нагуфтанд, ки афроди кушташуда узви кадом “ташкилоти террористӣ” ҳастанд. Аммо рӯзномаи “Ҳашти субҳ”-и Афғонистон навиштааст, ки се ҳамлагари кушташуда аз сӯи марзбонҳои тоҷик дар сарҳади Тоҷикистону Афғонистон узви гурӯҳи “Ансоруллоҳ” буданд.
Нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон, ҳукумати Толибонро ба он муттаҳам кард, ки “дар иҷрои уҳдадориҳои байналмилалӣ ва ваъдаҳои пайдарҳами худ ҷиҳати таъмини амнияту субот дар сарҳади давлатӣ бо Тоҷикистон ва мубориза бо аъзоёни ташкилотҳои террористӣ ноуҳдабароӣ, бемасъулиятии ҷиддӣ ва такроршаванда нишон медиҳад”.
Мақомоти Тоҷикистон изҳори умедворӣ карданд, ки ҳукумати Толибон аз мардуми Тоҷикистон узрхоҳӣ карда, “барои таъмини амният дар сарҳад бо Тоҷикистон тадбирҳои иловагии натиҷаманд меандешад”.
Бояд гуфт, Тоҷикистон ягона кишвар дар Осиёи Марказӣ аст, ки ба таври расмӣ мегӯяд, бо Толибон равобити мустақим надорад, аммо гузоришҳо аз мулоқоту машвари дуҷониба, ки вақтҳои охир зиёд нашр мешаванд.
*Дар Тоҷикистон гурӯҳи террористӣ эътироф шудааст.
Ҳар он чи дар Афғонистон рух медиҳад, метавонед мустақиман дар сужаи мо - "Афғонистон" бихонед.





“Бо "селофан" буғӣ кардааст”. Як зан дар Хуросон барои куштори духтари сесолааш 18 сол равонаи зиндон шуд
Ба оилаи ду афсари зимни задухӯрд дар марз бо Афғонистон кушташуда хона доданд
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Ҳикояи “Хошарӯб”-и Юнус Юсуфӣ |Қисми 1
“Бо Эмомалӣ Раҳмон дар як ҳуҷра 10 соат баҳси тунд доштем”. Содир Жапаров баъзе ҷузъиёти ҳалли баҳси марзӣ бо Тоҷикистонро ошкор кард
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 8 январи соли 2026
Сабикаҳои тиллои Бонки миллии Тоҷикистон дар соли 2025 қариб 40% гарон шуданд
Теъдоди донишҷӯёни тоҷикистонӣ дар Ӯзбекистон дар соли 2025-ум 2 баробар зиёд шудааст
Баъди ҳамлаҳои мусаллаҳона аз Афғонистон сохтмони як роҳи байналмилалӣ дар Дарвоз қатъ шудааст
Дар Тоҷикистон гирифтани тасдиқи маълумотнома дар бораи вазъи оилавӣ ба таври онлайнӣ ба роҳ монда шуд
Ҳукумати нав сохтанд ё ҷойгузини ҳам шуданд? Дар Украина чанд мансабдор аз вазифа рафт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста