Хуҷанд. 23 май. Азия-Плюс — Рӯзи шанбеи ҳафтаи гузашта дар шаҳри Чкаловски вилояти Суғд намоишгоҳи дуввуми «Сарфаи энергия ва технологияи истифодаи дубораи захираҳо -2011» доир гардида, ғолибони он баҳри рушди лоихаҳои худ бо 4 ҳазор Евро маблағ сарфароз гардонида шуданд.

Дар намоишгоҳи мазкур намояндагони корхонаву ташкилот, созмонҳои ҷамъиятӣ, ихтироъкорон ва ҳамчунин хонандагони макотиби таҳсилоти умумӣ 47 лоиҳаҳои худро бо намунаҳои санҷишӣ, макетҳову нақшаҳо ва маҳсулоти тайёр пешниҳод карда, бо ҳам табодули афкор намуданд.

Дар чаҳорчӯби намоишгоҳ ду мизи мудаввари соҳавӣ доир гардида, иштирокчиёни он доир ба масоили истифодаи дубораи маҳсулот, аз ҷумла тайёр кардани ғилофакҳои каммасраф барои чароғҳои барқӣ, дастрас кардани биогаз, безарар гардонидани дастгоҳу таҷҳизоти дорои симоб, сохтмони ҳоҷатхонаҳои аз ҷиҳати экологӣ безарар, истифодаи дубораи партовҳои пластикӣ ва ғайра ибрози андеша карданд.

Муаллифони корҳои беҳтарин сохиби диплому тӯҳфаҳои арзишманд гардида, КВД «Заря Востока» ва ҶДММ «Қувватшер» барои рушди минбаъдаи технологияҳо оид ба истифодаи дубораи захираҳо соҳиби 2 ҳазор Евро шуданд. Донишкадаи боғдорӣ ва сабзавотпарварӣ низ барои технологияҳои инноватсионии агротехникӣ бо ҳамин миқдор маблағ сарфароз гардонида шуд.

Қобили зикр аст, ки намоишгоҳи мазкур аз ҷониби ҳукумати вилояти Суғд ва шаҳри Чкаловск, Донишкадаи кӯҳкорӣ-металлургӣ (Чкаловск), Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилоят, ҶК «Гурӯҳи ҷавонон оид ба ҳифзи муҳити зист» дар ҳамдастӣ бо созмони байнулмилалии «Акт Алянс» ва Дафтари САҲА дар Тоҷикистон созмон дода шуд.