Дар Тоҷикистон ҳамсола рӯзи 23-юми май ҳамчун рӯзи ҷавонон, ки наздик ба 70 фисади аҳолии кишварро ташкил медиҳанд, ҷашн гирифта мешавад. Ба муносибати ин сана ҳафтае қабл бо қарори шаҳрдорӣ “Даҳ рӯзи ҷавонони шаҳр ” шурӯъ гардид ва барномаи Ҳафтаи ҷавонони Тоҷикистон аз ҷамъомаду озмунҳо, намоишгоҳи осори наққошони ҷавон ва ҷашнвораи таронаҳои ҳарбӣ иборат буд.
Масъулин мегӯянд, ин чорабиниҳо бо як ҳадаф - боло бурдани маърифату маънавиёт ва ҳисси миллӣ созмон дода мешавад. Теъдоде аз ҷавонони тоҷик мегӯянд, агарчӣ баргузории чунин чорабиниҳо барои муттаҳидии насли ҷавон мусоидат мекунад, аммо наметавонад даҳҳо мушкилотро, ки домангири онҳост, ҳал бикунад.
Сӯҳбати сари роҳии мо ба бархе аз ҷавонони тоҷик нишон дод, ки онҳо аз чунин ҳафтаҳо на барномаҳои фарҳангӣ, балки роҳҳои кам кардани бекорӣ ва беҳтар намудани вазъи иҷтимоиву иқтисодии худро интизоранд. Онҳо мегӯянд,то ҳанӯз ҳам рӯзи бисёре аз ҷавонони тоҷик ё дар бозору сохтмонҳои Русияву Тоҷикистон ба хотири дарёфти қути лоямут шаб мешавад ва мушкилоти фаровон бисёре ҷавононро аз имкони таҳсил ва зиндагӣ бо аҳли оила маҳрум кардааст.
Ба гуфтаи ин мусоҳибони мо ҳарчанд ҳукумати кишвар то андозае, барои беҳбудии зиндагии ин қишри ҷомеа аз баъзе иқдомҳо кор мегирад, вале ҳаёти ҷавонону донишҷӯён беҳбудӣ мехоҳад. Нафаре агар боло бурдани идропулиро орзу кунад, нафари дигар мехоҳад барои донишҷӯён корҳое пешниҳод шавад, ки онҳо тавонанд ҳам таҳсил намоянд ва ҳам вазъи иқтисодии худро хубтар созанд. Дар ин радиф саввумӣ аз набуди тафреҳгоҳҳои махсус шикоят мекунад ва мегӯянд набудани чунин ҷойҳо барои ҷавонон имкони рушди фарҳангиву маънавиро барояшон гайриимкон месозад.
Аммо бо ин ҳама ҷавонони тоҷик таъкид бар он мекунанд, ки ҳозиранд барои рушди Тоҷикистон дар ҳама гуна соҳот саҳми худро бигзоранд.
Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикисто ҳам 13 номзад ба интихоботи порлумонӣ пешниҳод кард
Душанбе то куҷо ба зимистон омода аст?
Кафшергарон. Аввалин гурӯҳи муҳоҷирони тоҷик барои кор ба Корея мераванд
Суқути ҳавопаймои “Azerbaijan Airlines" дар Қазоқистон. Теъдоди ҳалокшудагон маълум нест
“Ягона роҳ, сохтани метро” Барҳамдиҳии гузаргоҳи пиёдагардон тамбашавии нақлиётро кам мекунад?
Буҷети ВМКБ дар соли 2025 қариб 2,5 баробар зиёд шуд
Сармуррабии нави “Равшан” кай ба Тоҷикистон меояд?
Эмомалӣ Раҳмон бо Владимир Путин дар бораи маорифу иқтисод ва амният суҳбат кард. Ҳарфе аз муҳоҷирон садо надод
Дилшод Назаров дигарбора раиси Федератсияи варзиши сабуки Тоҷикистон интихоб шуд
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Шоҳзода ва пиразани ҷодугар”
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста