Душанбе. 24-уми май. «Азия-Плюс» — Болоравии арзиши роҳкирои мусофиркаш дар пойтахт ба афзоиши назарраси қимати маҳсулот дар бозорҳо мусоидат хоҳад кард, - иброз дошт дар мусоҳиба бо хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» раиси Ҳизби коммунисти Тоҷикистон, вакили палатаи поёнии парулмони ҷумҳурӣ Шодӣ Шабдолов.
Ба қавли ӯ, бо назардошти афзоиши қимати маводи сӯзишворӣ ва қисмҳои эҳтиётӣ, мақомоти шаҳрдориро мебояд ҷиҳати бо маблағ дастгирӣ намудани нақлиёти мусофирбари шаҳрӣ чораҳо андешид, то ки оқибатҳои он ба андозае сабуктар гардад. «Бо назардошти он, ки қисми зиёди ҳамлу нақли мусофирон бо нақлиёти хусусӣ амалӣ мегардад, бо мушкилот ва оқибатҳои болоравии арзиши роҳкиро бояд ҳукумати кишвар машғул бошад, зеро мақомоти маҳаллӣ аз ӯҳдаи он намебароянд», - гуфт вай.
Шодӣ Шабдолов бар ин назар аст, ки барои коҳиши хароҷоти сокинони шаҳри Душанбе барои нақлиёт мебояд дар бораи ҷудо кардани ҷубронпулиҳои иловагӣ аз ҷониби корфармоҳо андеша намуд. «Ба ҳар ҳол, ин масъаларо ба ҳоли худ гузоштан нашояд, зеро ҳукумат музди меҳнатро дар як сол ба андозаи 30% зиёд мекунаду, нархҳо ба андозаи 40-50% боло мераванд», - афзуд номбурда.
Ёдрас екунем, ки дар робита ба афзоиши қимати маводи сӯзишворӣ ва қисмҳои эҳтиётӣ мақомоти шаҳрдории Душанбе тасмим гирифт, ки шурӯъ аз 1-уми июни соли ҷорӣ арзиши роҳкирои нақлиёти мусофирбарро зиёд кунад.
Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикисто ҳам 13 номзад ба интихоботи порлумонӣ пешниҳод кард
Душанбе то куҷо ба зимистон омода аст?
Кафшергарон. Аввалин гурӯҳи муҳоҷирони тоҷик барои кор ба Корея мераванд
Суқути ҳавопаймои “Azerbaijan Airlines" дар Қазоқистон. Теъдоди ҳалокшудагон маълум нест
“Ягона роҳ, сохтани метро” Барҳамдиҳии гузаргоҳи пиёдагардон тамбашавии нақлиётро кам мекунад?
Буҷети ВМКБ дар соли 2025 қариб 2,5 баробар зиёд шуд
Сармуррабии нави “Равшан” кай ба Тоҷикистон меояд?
Эмомалӣ Раҳмон бо Владимир Путин дар бораи маорифу иқтисод ва амният суҳбат кард. Ҳарфе аз муҳоҷирон садо надод
Дилшод Назаров дигарбора раиси Федератсияи варзиши сабуки Тоҷикистон интихоб шуд
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Шоҳзода ва пиразани ҷодугар”
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста