Хуҷанд. 25-уми май. «Азия-Плюс» — Дар ахлотпартои шаҳри Хуҷанд як миқдор маводи ғизоии арзиши умумиаш 115 ҳазор сомонӣ (ҳудуди 25 ҳазор $), ки мӯҳлати истифодаашон гузашта буд, нобуд карда шуд.
Тавре ба хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» аз Маркази стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои вилояти Суғд хабар доданд, ин миқдор маводи ғизоии нобудшуда аз 56 ҳазор адад консервахои моҳигӣ ва 1400 қуттӣ маснӯъоти қаннодӣ иборат буда, пас аз ташхис маълум шудааст, ки он корношоям буда, сифати паст дорад ва барои саломатии инсон зарарнок аст. «Мӯҳлати истифодаи ин миқдор маводи ғизоӣ ҳашт моҳ пеш ба охир расида буд», - гуфтанд дар марказ.
Ба иттилои манбаъ, тамоми маводи ғизоӣ дар ҳузури комиссияи махсуси иборат аз эпидемиолог, байтор, эколог ва гумрукчӣ нобуд карда шудааст. «Ба Марказ ва ҳамчунин телефони боварии он ҳамаи хоҳишмандон бо пешниҳодоти беҳтар намудани сатҳи хизматрасонӣ, сифати молҳо ва ҳифзи ҳуқуқи истеъмолгарон муроҷиат карда метавонанд», - афзуд сарчашма.
Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикисто ҳам 13 номзад ба интихоботи порлумонӣ пешниҳод кард
Душанбе то куҷо ба зимистон омода аст?
Кафшергарон. Аввалин гурӯҳи муҳоҷирони тоҷик барои кор ба Корея мераванд
Суқути ҳавопаймои “Azerbaijan Airlines" дар Қазоқистон. Теъдоди ҳалокшудагон маълум нест
“Ягона роҳ, сохтани метро” Барҳамдиҳии гузаргоҳи пиёдагардон тамбашавии нақлиётро кам мекунад?
Буҷети ВМКБ дар соли 2025 қариб 2,5 баробар зиёд шуд
Сармуррабии нави “Равшан” кай ба Тоҷикистон меояд?
Эмомалӣ Раҳмон бо Владимир Путин дар бораи маорифу иқтисод ва амният суҳбат кард. Ҳарфе аз муҳоҷирон садо надод
Дилшод Назаров дигарбора раиси Федератсияи варзиши сабуки Тоҷикистон интихоб шуд
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Шоҳзода ва пиразани ҷодугар”
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста