Душанбе. 25-уми май. «Азия-Плюс» — Дар шаҳри Душанбе маросими ифтитоҳи ягона дар минтақаи Осиёи Марказӣ – Маркази илмии пайвандсозӣ ва бофтаҳои инсон доир гардид.
Зимни суханронӣ дар маросими мазкур вазири тандурустии ҷумҳурӣ Нусратулло Салимов изҳор дошт, ки ҳамасола дар Тоҷикистон ҳудуди 100 нафар ба пайвандсозии (иваз кардани) гурда эҳтиёҷ дошта, танҳо 20%-и онҳо имкон доранд, ки бо масрафи аз 25 то 60 ҳазор доллари ИМА ин амалро дар хориҷи кишвар анҷом диҳанд. «Барои таъмири бинои марказ 700 ҳазор, харидории мебел 750 ҳазор сомонӣ ва дар маҷмӯъ баҳри таъмини ҳамаҷонибаи марказ бо таҷҳизоти заруриву доруворӣ ва мавод барои пайвандсозии узвҳо ва бофтаҳои инсон аз буҷаи вазорати тандурустӣ 2 млн. 971 ҳазор сомонӣ ҷудо гардид», - гуфт ӯ.
Мудири шӯъбаи тандурустӣ оид ба масоили занон ва оилаи Дастгоҳи иҷроияи президенти ҷумҳурӣ Лола Бобохоҷаева зикр намуд, ки тайи се соли ахир дар кишвар 50 муассисаи тиббӣ пурра аз таъмир бароварда шуда, бо асбобу лавозимоти зрури мучаҳҳаз гардиданд.
Дар мусоҳиба бо хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» сардори шӯъбаи пайвандсозии узвҳои Маркази миллӣ, доктори улуми тиббӣ Шоҳин Назаров иброз дошт, ки то имрӯз 10 ҷарроҳии пайвандсозии гурда гузаронида шуда, тадриҷан дар марказ ният доранд, ки ҷарроҳии пайвандсозии ҷигар ва мағзи устухонро низ баргузор намоянд.
Қобили зикр аст, ки айни замон қимати ҷарроҳии пайвандсозии гурда дар маркази мазкур 49 ҳазор сомонӣ (беш аз 10 ҳазор доллари ИМА)-ро ташкил медиҳад.
Ёдрас мекунем, ки ҷарроҳии нахустини пайвандсозии гурда дар Тоҷикистон 5-уми ноябри соли 2009 бо дастгирии сарвари давлат барои сокини ноҳияи Вахш Ҳабибулло Каралиев гузаронида шуда, айни замон вазъи саломатии ӯ қаноатбахш аст.
Қобили зикр аст, ки тобистони соли 2010 ҳукумати Тоҷикистон дар бораи таъсиси «Маркази илмии пайвандсозии узвҳо ва бофтаҳои инсон» қарор қабул кард. Қонуни ҶТ «Дар бораи пайвандсозии узвҳо ва бофтахои инсон»-ро сарвари давлат моҳи июли соли 2007 ба имзо расонида, муаллиф ва таҳиягари он доктори улуми тиббӣ, профессор Ҷумъабой Сангинов мебошад.
Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикисто ҳам 13 номзад ба интихоботи порлумонӣ пешниҳод кард
Душанбе то куҷо ба зимистон омода аст?
Кафшергарон. Аввалин гурӯҳи муҳоҷирони тоҷик барои кор ба Корея мераванд
Суқути ҳавопаймои “Azerbaijan Airlines" дар Қазоқистон. Теъдоди ҳалокшудагон маълум нест
“Ягона роҳ, сохтани метро” Барҳамдиҳии гузаргоҳи пиёдагардон тамбашавии нақлиётро кам мекунад?
Буҷети ВМКБ дар соли 2025 қариб 2,5 баробар зиёд шуд
Сармуррабии нави “Равшан” кай ба Тоҷикистон меояд?
Эмомалӣ Раҳмон бо Владимир Путин дар бораи маорифу иқтисод ва амният суҳбат кард. Ҳарфе аз муҳоҷирон садо надод
Дилшод Назаров дигарбора раиси Федератсияи варзиши сабуки Тоҷикистон интихоб шуд
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Шоҳзода ва пиразани ҷодугар”
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста