Душанбе. 26-уми май. «Азия-Плюс» — | Қабул ва амалисозии Қонуни ҶТ «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар ҶТ» собит сохт, ки он ба беҳбуди сатҳи некӯаҳволии мардум ба таври назаррас мусоидат кард, - гуфт зимни сӯҳбат бо хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» раиси Кумитаи дини назди ҳукумати ҷумҳурӣ Абдураҳим Холиқов.
Ба қавли ӯ, қонуни мазкур ҳамчунин ба тарзи дурусти фарҳангӣ оростани маъракаҳо низ таъсири мусбат расонида, мардум мустақилона дарк намуд, ки он ба манфиату некӯаҳволии онҳост. «Амалисозии қонуни мазкур сол то сол ба сатҳи некӯаҳволии мардум беҳбуд бахшида, қабули он муҳиму саривақтӣ ва таҷрибаи мусбати андӯхта аз он барои аксари кишварҳои ҳамсоя метавонад намунаи хубе бошад», - афзуд номбурда.
Ёдрас мекунем, ки Қонуни ҶТ «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар ҶТ» моҳи июни соли 2007 ба тасвиб расида, тибқи маълумоти Кумитаи дини ҷумҳурӣ, дар ин муддат сокинони кишвар дар натиҷаи худдорӣ аз хароҷоти беҳудаву зиёдатӣ ҳудуди 6 млрд. сомонӣ (1,3 млрд. $)-ро барои пешбурди рӯзгори худ сарфа кардаанд. Ба ҳисоби миёна соли 2010 арзиши умумии баргузории як расму оини маъмулӣ дар Тоҷикистон 2 ҳазору 655 сомонӣ (ҳудуди 550 $)-ро ташкил додаст.
Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикисто ҳам 13 номзад ба интихоботи порлумонӣ пешниҳод кард
Душанбе то куҷо ба зимистон омода аст?
Кафшергарон. Аввалин гурӯҳи муҳоҷирони тоҷик барои кор ба Корея мераванд
Суқути ҳавопаймои “Azerbaijan Airlines" дар Қазоқистон. Теъдоди ҳалокшудагон маълум нест
“Ягона роҳ, сохтани метро” Барҳамдиҳии гузаргоҳи пиёдагардон тамбашавии нақлиётро кам мекунад?
Буҷети ВМКБ дар соли 2025 қариб 2,5 баробар зиёд шуд
Сармуррабии нави “Равшан” кай ба Тоҷикистон меояд?
Эмомалӣ Раҳмон бо Владимир Путин дар бораи маорифу иқтисод ва амният суҳбат кард. Ҳарфе аз муҳоҷирон садо надод
Дилшод Назаров дигарбора раиси Федератсияи варзиши сабуки Тоҷикистон интихоб шуд
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Шоҳзода ва пиразани ҷодугар”
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста