Душанбе. 26-уми май. «Азия-Плюс» | — Имрӯз бо иштироки котиби аввали сафоратхонаи Ҷопон дар Тоҷикистон Казя Харада ва раиси ноҳияи Айнӣ Рустам Раҳматов маросими пас аз таъмир мавриди истифода қарор гирифтани беморхонаи минтақавии №1-и ҷамоати Анзоби ноҳияи Айнӣ баргузор мешавад.
Тавре аз сафоратхонаи Ҷопон дар Тоҷикистон иттилоъ доданд, корҳои таҷдиду таъмири беморхонаи мазкур дар доираи лоихаи минтақавии барқарор сохтани беморхонаи минтақавии №1-и ҷамоати Анзоби ноҳияи Айнӣ сурат гирифта, баҳри амалӣ сохтани он ҳукумати Ҷопон 89,5 ҳазор $ маблағ ҷудо кардааст.
Ба иттилои манбаъ, беморхонаи мазкур соли 1981 ба истифода дода шуда, ба ҷуз пешниҳоди хизматгузории тиббӣ ба аҳолии маҳаллӣ, муассисаи тиббии наздиктарин ба нақби «Истиқлол» ва яке аз қитъаҳои роҳи мошингарди Душанбе-Чаноқ аст. «Дар ин беморхона ба ҷабрдидагони садамаҳои нақлиётӣ дар қитъаи роҳи мазкур кӯмаки аввалияи тиббӣ расонида мешавад», - афзуд сарчашма.
Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикисто ҳам 13 номзад ба интихоботи порлумонӣ пешниҳод кард
Душанбе то куҷо ба зимистон омода аст?
Кафшергарон. Аввалин гурӯҳи муҳоҷирони тоҷик барои кор ба Корея мераванд
Суқути ҳавопаймои “Azerbaijan Airlines" дар Қазоқистон. Теъдоди ҳалокшудагон маълум нест
“Ягона роҳ, сохтани метро” Барҳамдиҳии гузаргоҳи пиёдагардон тамбашавии нақлиётро кам мекунад?
Буҷети ВМКБ дар соли 2025 қариб 2,5 баробар зиёд шуд
Сармуррабии нави “Равшан” кай ба Тоҷикистон меояд?
Эмомалӣ Раҳмон бо Владимир Путин дар бораи маорифу иқтисод ва амният суҳбат кард. Ҳарфе аз муҳоҷирон садо надод
Дилшод Назаров дигарбора раиси Федератсияи варзиши сабуки Тоҷикистон интихоб шуд
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Шоҳзода ва пиразани ҷодугар”
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста