Душанбе. 31-уми май. «Азия-Плюс» — | Имрӯз дар 3 ҳазору 847 мактаби таҳсилоти умумии кишвар барои ҳудуди 1,7 млн. нафар толибилмон «Занги камолот» садо дод, ки аз анҷоми соли хониши навбатӣ мужда расонид.

Мутобиқи фармони вазири маориф  ҷумҳурӣ, дар маҷлиси тантанавӣ аз соати 8 то 9 дар ҳамаи мактабҳо аз фаъолияти имсола натиҷагирӣ карда шуда, акнун хонандагони синфҳои ибтидоӣ ба таътил баромада, толибилмони синфҳои болоиро имтиҳонот интизор аст, ки то 16-уми июн идома меёбанд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» сухангӯи Вазорати маорифи кишвар Ноилшо Нуралиев хабар дод, дар робита ба ин рӯз дар мактабҳо ҳеҷ гуна чорабиниҳои махсуси тантанавӣ пешбинӣ нашудааст. «Бо мақсади таъмини амнияти хатмкунандагон ва пешгирии ҳодисаҳои ногувор, баргузории ҳама гуна чорабиниҳои ҷашнӣ, маъракаҳо ва сайругашти оммавӣ бо истифодаи воситаҳои нақлиёт манъ аст», - гуфт ӯ.

Ёдрас мекунем, ки бо фармони вазири маорифи ҷумҳурӣ Абдуҷаббор Раҳмонов аз 18-уми октябри соли 2010, соли равон дар Тоҷикистон таътилҳои тирамоҳӣ ва баҳорӣ бекор карда шуда, таътили зимистона то як моҳ дароз шуда буд ва вазорат эълон дошта буд, ки дар робита ба ин, соли хониш то 10-уми июн идома меёбад, вале боз ин қарори худро тағйир дода, санаи баргузории «Занги камолот»-ро ба 31-уми май таъин кард.

Қобили зикр аст, ки соли дуввум аст, ки дар Тоҷикистон соли хониш на чун қабл 25-уми май, балки дертар ба анҷом мерасад. Соли 2010 «Занги камолот» дар мактабҳо 1-уми июн баргузор шуда буд.