Қ А Р О Р И

РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ

№ 260 аз 30 майи соли 2011

Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Қарори Раиси

шаҳри Душанбе №251 аз 24 майи соли 2011 «Дар бораи

тарифҳои ҳамлу нақли мусофир дар шаҳри Душанбе»

Баҳри дастгирии иҷтимоии шаҳрвандоне, ки аз хизматрасонии нақлиёти коммуналӣ ва истифодаи умуми мусофиркашонӣ дар ҳудуди марзию маъмурии шаҳри Душанбе истифода мебаранд ва қабл аз ҳама сокинони шаҳри Душанбе новобаста аз воқеияти реалии болоравии нархи сӯзишворӣ ва қисмҳои эҳтиётӣ бо истифода аз дифференсиатсиякунонии пардохти роҳкиро дар нақлиёти мусофирбари шаҳри Душанбе, ҳимояи ҳуқуқи мусофирон ва амалисозии фаъолияти мушаххас оиди таъмини сатҳи зарурии хизматрасонӣ дар наклиёти истифодаи умум мутобиқ ба талаботи моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ»

Қарор мекунам:

Ба Қарори Раиси шаҳри Душанбе №251 аз 24 майи соли 2011 «Дар бораи тарифҳои ҳамлу нақли мусофир дар шаҳри Душанбе» тағйиротҳои зерин ворид карда шаванд:

1. Банди 1 Қарори мазкур ба таври зайл ифода карда шавад:

  «1. Аз 1 июни соли 2011 ҳаққи роҳкиро дар нақлиёти мусофирбари истифодаи умуми шаҳри Душанбе барои як мусофир тавассути:

- автобусҳо:

 

  • дар хатсайрҳои №№3 А , 11, 14, 20, 23, 26, 27, 30 - 60 (шаст) дирам;
  • дар хатсайрҳои №№1, 2, 6, 7, 8, 8 А , 13, 18, 28, 37, 41 - 1,20 (як сомонию бист дирам);

 

  - микроавтобусҳои ГАЗел ва Хундай Старекс (бо бензин ва сӯзишвории дизелӣ):

 

  • дар хатсайрҳои №№5, 11, 12, 21, 22, 24, 26, 34, 55, 67, ки дарозиашон аз 9 то 13 км мебошад – 1 (як) сомонӣ;

 

дар хатсайрҳои №№ 1, 1 А , 2, 2 А , 4, 4 А , 7, 7 А , 8, 8 А , 10, 10 А , 13, 13 А , 14, 14 А , 15, 15 А , 16, 16 А , 17, 17 А , 18, 18 А , 19, 19 А , 25, 25 А , 28, 28 А , 33, 33 А , 44, 44 А , 52, 52 А , 54, 54 А , ки дарозиашон то 9 км мебошад -80 (ҳаштод) дирам муқаррар карда шавад».

2. Дар банди 4 Қарори мазкур сархатҳои алоҳида бо мазмуни зайл илова карда шаванд;

«-роҳбарони корхонаҳои коммуналии нақлиётӣ ва ҷамъиятҳои ба мусофиркашонӣ машғулиятдошта зимни омӯзиш ва дархости мусофирон дар ҳолати зарурат дар хатсайрҳои мусофиркашонӣ бо истифода аз микроавтобусҳо дар хатсайрҳои №№ 2, 8, 15, 17, 19, 25, 28, 54, ки аз 13 то 18 км масофа доранд ва автобусҳо дар хатсайрҳои №№ 1, 3 А , 8, 18, 37, ки аз 10 то 19 км масофа доранд, мутаносибан бо тарифи 1 сомонию 60 дирам ва 1 сомонию 20 дирам чун «экспресс» бе тавақкуф аз нуқтаи аввал то охири хатсайр ташкил намоянд.

- аз 1 июни соли 2011 баҳри ҳимояи ҳуқуқи мусофирон дар ҳама намуди нақлиёти ҷамъиятӣ фурӯши чиптаҳо зери масъулияти роҳбарони корхонаҳо ва ҷамъиятҳои ба мусофиркашонӣ машғулиятдошта ҷорӣ ва назорати қатъии ҷамъиятӣ аз болои фаъолияти тамоми хатсайрҳо таъмин карда шавад. ».

3. Ба Қарори мазкур бандҳои нав бо мазмуни зайл илова карда шаванд:

«5. Муқаррар карда шавад, ки барои таъмини иҷрои талаботҳои Қарори мазкур Ситоди шаҳрӣ бо телефонҳои боварии шабонарӯзии 223-22-14, 221-26-95 ва 221-28-65 зери масъулият ва роҳбарии муовини соҳавии Раиси шаҳри Душанбе Оев А.М. таъсис дода, ҳамзамон вазифадор гардад, ки дар сурати нисбати дилхоҳ хатсайр оид ба риоя нагардидани сатҳ ва сифату фарҳанги хизматрасонӣ унвонии Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе пайи ҳам 3 маротиба шикояти асоснок ворид гардидан, хатсайрро аз ҷамъият ё корхонаи коммуналӣ гирифта, ба дигар ширкатҳои литсензияи фаъолиятдошта вобаста намояд.

6. Муовини Раиси шаҳри Душанбе (Сафаров С.) барои таъмин намудани корхонаҳои коммуналӣ ва ҷамъиятҳои хусусии ба мусофиркашонӣ машғулбуда бо дирами тангавӣ тавассути системаи бонкҳо мусоидат намояд.

7. Тибқи дархости Раиси шаҳр дар асоси мувофиқа баҳри ташкили фаъолияти пурсамари субъектҳои хизматрасон дар радифи Комиссияҳои доимии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе оид ба мусоидат ба шуғли аҳолӣ, муҳоҷирати меҳнатӣ, паст кардани сатҳи камбизоатӣ ва рушди соҳибкорӣ (Ҳабибов А.Ҳ.) хатсайрҳои микроавтобусҳои №№1, 2, 4, 44, 7, 8, 10, 25, 33, 52 ва оид ба масъалаҳои меъморӣ, шаҳрсозӣ, сохтмон ва ободонӣ (Абдурасулов А.) хатсайрҳои микроавтобусҳои №№13, 14, 15, 16, 17, 18, 19, 28, 54 назорати ҷамъиятӣ дар таносуби хатсайрҳо бо роҳбарони аввали сохторҳои шаҳрии ҳизбҳои сиёсии дар шаҳр фаъолиятдошта ба кумитаҳои шаҳрии Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон- Ҷамшед Саидов, вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе аз ҳавзаи интихоботии № 61 хатсайрҳои микроавтобусҳои №№5, 67, 11, 12, 21, 26, 22, 24, 34, 55 , Ҳизби коммунисти Тоҷикистон – Субҳон Сафиалоев, вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе аз ҳавзаи интихоботии № 20 хатсайрҳои автобусҳои №№3 А , 11, 14, 20, 23, Ҳизби демократи Тоҷикистон – Хайрулло Абдуллоев хатсайри автобуси №30 , Ҳизби сотсиалистии Тоҷикистон – Зариф Наимов хатсайри автобуси №27 ва Ҳизби ислоҳоти иктисодии Тоҷикистон – Шамсиддин Ҷалолов, вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе аз ҳавзаи интихоботии № 43 хатсайри автобуси №26 ва хатсайрҳои микроавтобсуҳои сектори хусусӣ ба зиммаи радиоҳои «Азия-Плюс» ва «Ватан» ва хатсайрҳои хизматрасонии корхонаҳои коммуналии «Автобус-1», «Автобус-2», «Автобус-3» ва «Троллейбус» ба рӯзномаҳои «Вечерний Душанбе» ва «Вечёрка» вобаста карда шавад.»

4. Бандҳои 5, 6, 7 ва 8 Қарори мазкур мутаносибан 8,9,10 ва 11 ҳисобида шаванд.

М. УБАЙДУЛЛОЕВ