Душанбе. 2-юми июн. «Азия-Плюс» — | Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар назди иштирокчиёни фестивали умумиҷумҳуриявии кӯдакон ва наврасони ҳунарманд таҳти унвони «Сапеда» дар маҷмааи «Кохи Борбад»-и пойтахт суханронӣ кард.
Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» аз хадамоти матбуоти сарвари давлат хабар доданд, фестивали мазкур ба муносибати Рӯзи ҷаҳонии кӯдакон, ки ҳамасола санаи 1-уми июн ҷашн гирифта мешавад, созмон дода шудааст.
Дар суханронии худ сарвари давлат зикр кард, ки масъулияти саломатӣ, тарбияи маънавии кўдакону наврасон, фароҳам овардани шароити мусоиди таълиму тарбияи онҳо дар мактаб ва оила, инкишофи эҷодиёти бачагон ва тайёр намудани онҳо ба зиндагии оянда аз ҷумлаи вазифаҳои асосии давлат ба шумор меравад.
Ба гуфтаи Эмомалӣ Раҳмон «имрўз 35 фоизи сокинони мамлакатамонро кўдакону наврасон ташкил дода, онҳо узви соҳибҳуқуқи ҷомеаи мебошанд ва Конститтутсия таҳсил, истироҳат ва табобати онҳоро кафолат медиҳад».
Президенти Тоҷикистон аз афзоиши шумори ҷиноёт миёни ноболиғон изҳори нигаронӣ карда, гуфт, дар давоми се моҳи аввали соли ҷорӣ дар қаламрави мамлакат 142 ҷинояти аз ҷониби ноболиғон содиршуда ба қайд гирифта шудааст. «Мо бояд пеши роҳи ин тамоюли номатлубро бо тамоми усулу воситаҳо гирем. Яке аз ҳадафҳои қонуни ба қарибӣ таҳияшуда «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», ки имрўзҳо дар баррасии мақоми олии қонунгузори мамлакат, яъне Маҷлиси Олӣ қарор дорад, низ ҳамин аст», - таъкид кард Эмомалӣ Раҳмон.
Сарвари давлат ба созмондиҳандагони фестивал изҳори миннатдорӣ баён карда, зикр кард, ки ба кӯдакону наврасони ҳунарманду қобилиятнок мебояд шароити идомаи таҳсил дар ҳама гуна муассисаҳои таълимиро фароҳам овард. Ҳамчунин, Президенти мамлакат ба масъулин супориш дод, ки аз фонди захиравии Президенти кишвар ба ҳар як иштирокчии фестивали мазкур 300 сомонӣ маблағ ҳамчун тӯҳфа тақдим карда шавад.
Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикисто ҳам 13 номзад ба интихоботи порлумонӣ пешниҳод кард
Душанбе то куҷо ба зимистон омода аст?
Кафшергарон. Аввалин гурӯҳи муҳоҷирони тоҷик барои кор ба Корея мераванд
Суқути ҳавопаймои “Azerbaijan Airlines" дар Қазоқистон. Теъдоди ҳалокшудагон маълум нест
“Ягона роҳ, сохтани метро” Барҳамдиҳии гузаргоҳи пиёдагардон тамбашавии нақлиётро кам мекунад?
Буҷети ВМКБ дар соли 2025 қариб 2,5 баробар зиёд шуд
Сармуррабии нави “Равшан” кай ба Тоҷикистон меояд?
Эмомалӣ Раҳмон бо Владимир Путин дар бораи маорифу иқтисод ва амният суҳбат кард. Ҳарфе аз муҳоҷирон садо надод
Дилшод Назаров дигарбора раиси Федератсияи варзиши сабуки Тоҷикистон интихоб шуд
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Шоҳзода ва пиразани ҷодугар”
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста