Душанбе. 3-юми июн. «Азия-Плюс» — | Рӯзи 1-уми июн дар шаҳри Панҷакент Ташкилоти ҷамъиятии умумиҷумҳуриявии «Ҷавонони асри нав» бо дастгирии Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ҷумҳурӣ ба баргузории тренинг барои ҷавонони шаҳри мазкур шурӯъ кард.
Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» мудири иҷроияи ташкилоти мазкур Рустам Тоҳиров хабар дод, чорабинии мазкур дар чаҳорчӯби амалисозии лоиҳаи «Малакаҳои идоракунӣ барои ҷавонон» созмон дода шуда, то 11-уми июни соли ҷорӣ идома хоҳад ёфт. «Омӯзиши 15 нафар ҷавонони шаҳри Панҷакент ба таҳиясозии лоиҳаҳои иҷтимоӣ, фандрейзинг (ҷамъоварии маблағ), тимбилдинг (таъсиси гурӯҳ ё даста), малакаҳои роҳбарӣ, менеҷменти ташкилоти ҷамъиятӣ, ташаккул ва идоракунии кадрҳои ихтиёрӣ барои ҷалби минбаъдаи онҳо ба бахши ҷамъиятӣ тавассути муттаҳидсозии онҳо аз ҷумлаи ҳадафҳои асосии тренинг мебошанд», - таъкид кард ӯ.
Ба қавли мавсуф, тайи ду рӯзи аввал иштирокчиёни тренинг аллакай бо моҳияти фаъолияти ташкилотҳои ҷамъиятӣ, ҳадафу вазифаҳо ва тартиботи сабти онҳо дар асоси қонунгузории ҶТ ба хубӣ ошно шуданд. «Иштирокчиён бо тарзҳои ошкор сохтани мушкилоти иҷтимоӣ, сабабу оқибатҳои минбаъда ва таъсири он ба талаботи ҷомеа шинос шуда, ин методҳо ба онҳо минбаъд дар ҳалли мушкилоти мушаххаси ҷомеа, интихоби соҳаи фаъолият ва дар ниҳояти кор ба рушди ҳамаҷонибаи ҷомеаи шаҳрвандӣ кӯмак хоҳанд расонид», - афзуд Рустам Тоҳиров.
Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикисто ҳам 13 номзад ба интихоботи порлумонӣ пешниҳод кард
Душанбе то куҷо ба зимистон омода аст?
Кафшергарон. Аввалин гурӯҳи муҳоҷирони тоҷик барои кор ба Корея мераванд
Суқути ҳавопаймои “Azerbaijan Airlines" дар Қазоқистон. Теъдоди ҳалокшудагон маълум нест
“Ягона роҳ, сохтани метро” Барҳамдиҳии гузаргоҳи пиёдагардон тамбашавии нақлиётро кам мекунад?
Буҷети ВМКБ дар соли 2025 қариб 2,5 баробар зиёд шуд
Сармуррабии нави “Равшан” кай ба Тоҷикистон меояд?
Эмомалӣ Раҳмон бо Владимир Путин дар бораи маорифу иқтисод ва амният суҳбат кард. Ҳарфе аз муҳоҷирон садо надод
Дилшод Назаров дигарбора раиси Федератсияи варзиши сабуки Тоҷикистон интихоб шуд
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Шоҳзода ва пиразани ҷодугар”
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста