Душанбе. 6-уми июн. «Азия-Плюс» — | Пас аз кишварро тарк гуфтани президенти Яман Алӣ Абдуллоҳ Солеҳ ба ин кишвар эҳтимоли ҷиддии сар задани ҷанги шаҳрвандӣ таҳдид дорад, - гуфт дар мусоҳиба ба хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» директори Маркази тадқиқоти стратегии назди президенти Тоҷикистон Сӯҳроб Шарифов.
Ба қавли вай, то оғози гирдиҳамойиҳои оммавӣ дар ин кишвар дар моҳҳои феврал-марти соли ҷорӣ, президент Алӣ Абдуллоҳ Солеҳ ва дастаи ӯ бе ин ҳам бо як душворие аз ӯҳдаи идораи мамлакат мебаромаданд, зеро Яман мудом таҳти фишори пешвоёни қабилаҳои муқими он қарор дорад. «Ғайр аз ин, ахиран фишори ИМА ва кишварҳои узви Иттиҳоди Аврупо ба роҳбарони Яман афзуд, зеро ин кишвар пас аз Афғонистон маконе маҳсуб меёбад, ки террористони байнулмилалӣ дар он паноҳ бурдаанд», - гуфт ӯ.
Ба ақидаи Сӯҳроб Шарифов, пас аз кишварро тарк кардани президент мухолифат миёни пешвоёни кабилаҳо барои сари қудрат расидан тезутунд хоҳад шуд ва ин метавонад омилаи пурзӯри сар задани ҷанги шаҳрвандӣ гардад. «Бар асари беҳокимиятиву хараҷу мараҷ ва нооромӣ, ки метавонанд Ямаро фаро гиранд, ба он ҷо гурӯҳҳои террористии байнулмилалӣ роҳ пеш мегиранд, зеро нуқтаҳои даргир барои онҳо макони дилхоҳи будубоши осуда ва фаъолияти густарда аст», - афзуд номбурда.
Ёдрас мекунем, ки рӯзи ҷумъаи ҳафтаи гузашта президенти Яман Алӣ Абдуллоҳ Солеҳ бар асари мушакборони кохи Раёсати ҷумҳурӣ ҷароҳат бардошта, баҳри табобат ба Арабистони Саъудӣ мунтақил шуда буд. Баъди ба ҳуш омадан ӯ изҳор доштааст, ки ба ватан бармегардад, вале дар ин хусус то ҳанӯз маълумоти дақиқе дастрас нест.
Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикисто ҳам 13 номзад ба интихоботи порлумонӣ пешниҳод кард
Душанбе то куҷо ба зимистон омода аст?
Кафшергарон. Аввалин гурӯҳи муҳоҷирони тоҷик барои кор ба Корея мераванд
Суқути ҳавопаймои “Azerbaijan Airlines" дар Қазоқистон. Теъдоди ҳалокшудагон маълум нест
“Ягона роҳ, сохтани метро” Барҳамдиҳии гузаргоҳи пиёдагардон тамбашавии нақлиётро кам мекунад?
Буҷети ВМКБ дар соли 2025 қариб 2,5 баробар зиёд шуд
Сармуррабии нави “Равшан” кай ба Тоҷикистон меояд?
Эмомалӣ Раҳмон бо Владимир Путин дар бораи маорифу иқтисод ва амният суҳбат кард. Ҳарфе аз муҳоҷирон садо надод
Дилшод Назаров дигарбора раиси Федератсияи варзиши сабуки Тоҷикистон интихоб шуд
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Шоҳзода ва пиразани ҷодугар”
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста