Хуҷанд. 10-уми июн. «Азия-Плюс» — | Модари духтарчаи 8-сола, сокини шаҳри Хуҷанд Фароғат Масобирова тақозо дорад, ки бинобар маъюб шудани духтарчааш бар асари зарбаи нерӯи барқ гунаҳкорон маблағи ҷубронро пардохт намоянд.
Моҳи апрел духтари ӯ – хонандаи синфи якум Сарвиноз ҳангоми бозӣ дар мактаб ба бинои зеристгоҳи трансформаторӣ даромада, он ҷо мавриди зарбаи барқ қарор мегирад. «Ман дари кушодаро дидам, лекин фикр накардам, ки он панҷараи барқӣ аст ва ба дасти ман ноқили барқ расида, аз нерӯи барқ зарба гирифтам», - мегӯяд ӯ.
Мутахассисон бар ин назаранд, ки кӯдак таҳти зарбаи шиддати 10 ҳазор волт қарор гирифтааст. Модари Сарвиноз мегӯяд, ӯро пас аз ин ҳодиса фавран ба беморхона бурдаанд, ки он ҷо ӯ аз 15-уми апрел то 11-уми май бистарӣ будааст. Муддати чаҳор рӯзи аввал ӯ дар ҳолати хеле вазнин қарор дошта, табибонро лозим омадааст, ки дастони ӯро бибуранд. «Мақомоти прокуратураи шаҳри Хуҷанд аз рӯйи ин ҳодиса нисбати ду корманди шабакаҳои барқи шаҳри Хуҷанд парвандаи ҷиноӣ боз карда, айни замон тафтишот ва муқаррар кардани ашхоси гунаҳкор идома дорад», - мегӯяд модари Сарвиноз.
Ба қавли модари кӯдак, «шояд гунаҳкорон ҷазо гиранд, вале ба ман бештар ҷуброни молӣ зарур аст, зеро кӯдак бедаст буда, барои табобати ӯ маблағ зарур аст».
Худи Сарвиноз рӯҳафтода нест ва мегӯяд, ки «агар соҳиби дастҳои нав шавад», боз нияти мактаб рафтан дорад.
Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикисто ҳам 13 номзад ба интихоботи порлумонӣ пешниҳод кард
Душанбе то куҷо ба зимистон омода аст?
Кафшергарон. Аввалин гурӯҳи муҳоҷирони тоҷик барои кор ба Корея мераванд
Суқути ҳавопаймои “Azerbaijan Airlines" дар Қазоқистон. Теъдоди ҳалокшудагон маълум нест
“Ягона роҳ, сохтани метро” Барҳамдиҳии гузаргоҳи пиёдагардон тамбашавии нақлиётро кам мекунад?
Буҷети ВМКБ дар соли 2025 қариб 2,5 баробар зиёд шуд
Сармуррабии нави “Равшан” кай ба Тоҷикистон меояд?
Эмомалӣ Раҳмон бо Владимир Путин дар бораи маорифу иқтисод ва амният суҳбат кард. Ҳарфе аз муҳоҷирон садо надод
Дилшод Назаров дигарбора раиси Федератсияи варзиши сабуки Тоҷикистон интихоб шуд
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Шоҳзода ва пиразани ҷодугар”
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста