Душанбе. 17-уми июн. «Азия-Плюс» — | Созмони амнияту ҳамкории Аврупо низ аз боздошти хабарнигори Би-Би-Си Ӯрунбой Усмонов дар минтақаи шимоли ҷумҳурӣ изҳори нигаронӣ дорад.
Бино ба маълумоти хадамоти русии Би-Би-Си, намояндаи САҲА оид ба озодии ВАО Дуня Миятович Душанберо дар риоя накардани ҳуқуқҳои бунёдии инсон нисбат ба журналист гунаҳкор хондааст.
«Тарзи боздошт ва муносибат бо Усмонов бо шумули рад сохтани ҳуқуқи ӯ ба адвокат…, водор месозад аз ниҳоят маҳдуд будани озодӣ ҳарф бизанем», - гуфта мешавад дар номаи расмии САҲА унвонии вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон.
Қаблан бо талаби фавран озод кардани рӯзноманигор ба ҳукумати Тоҷикистон сафоратхонаҳои Британияи Кабиру ИМА дар Тоҷикистон ва мақомоти раҳбарии Би-Би-Си муроҷиат намуданд.
Дар изҳороти сафири ИМА дар Тоҷикистон Кен Гросс аз ҷумла гуфта мешавад, «мо бар ин назарем, ки журналистон барои навиштаҳояшон набояд латукӯб ва муҷозот шаванд ва аз ин рӯ, дархост мекунем, ки агар айбдории ӯ исботи худро наёбад, дарҳол озод карда шавад».
Дар ҳамин ҳол, Би-Би-Си бо такя ба гуфтаҳои хешовандони Ӯрунбой Усмонов хабар медиҳад, ки ҳангоми аз ҷониби кормандони хадамоти махсус ба манзилаш овардану хонаи журналистро мавриди ҷустуҷӯ қарор додан, Усмонов фурсате ёфта, ба наздиконаш гуфтааст, ки «агар имшаб кори дишаба кардаашонро бо ман такрор кунанд, ман дигар истодагарӣ карда наметавонам. Аз ин рӯ, хуш бошедв а маро бубахшед».
Ёдрас мекунем, ки кормандони милиса хабарнигори Би-Би-Си Ӯрунбой Усмонови 60-соларо дар таърихи 14-уми июни соли ҷорӣ дар шаҳри Хуҷанд боздошт карданд.
Маҳмадулло Асадуллоев, сардори маркази матбуоти Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ мегӯяд, ӯ ба узвият дар ҳизби фаъолияташ манъшудаи «Ҳизб-ут-Таҳрир гумонбар дониста шуда, соли 2009 ихтиёрӣ ба сафи ин ҳизб шомил ва ба таблиғоти афкори моҳияти ифротгароидоштаи ин ҳаракат дар шабакаҳои Интернет машғул будааст. «Боздоштшуда ба паҳн кардани варақаву адабиёти дорои хусусияти ифротгароӣ низ даст дошта, аз сокинони вилоят даъват ба амал меовардааст, ки ба сафи «Ҳизб-ут-Таҳрир» бипайванданд», - гуфт Асадуллоев.
Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикисто ҳам 13 номзад ба интихоботи порлумонӣ пешниҳод кард
Душанбе то куҷо ба зимистон омода аст?
Кафшергарон. Аввалин гурӯҳи муҳоҷирони тоҷик барои кор ба Корея мераванд
Суқути ҳавопаймои “Azerbaijan Airlines" дар Қазоқистон. Теъдоди ҳалокшудагон маълум нест
“Ягона роҳ, сохтани метро” Барҳамдиҳии гузаргоҳи пиёдагардон тамбашавии нақлиётро кам мекунад?
Буҷети ВМКБ дар соли 2025 қариб 2,5 баробар зиёд шуд
Сармуррабии нави “Равшан” кай ба Тоҷикистон меояд?
Эмомалӣ Раҳмон бо Владимир Путин дар бораи маорифу иқтисод ва амният суҳбат кард. Ҳарфе аз муҳоҷирон садо надод
Дилшод Назаров дигарбора раиси Федератсияи варзиши сабуки Тоҷикистон интихоб шуд
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Шоҳзода ва пиразани ҷодугар”
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста