Кӯлоб. 1-уми июл. «Азия-Плюс» — | Дар зарфи панҷ моҳи соли ҷорӣ музди миёнаи меҳнат дар ҳамаи бахшҳои фаъолият дар шаҳр ва ноҳияи Кӯлоб каме зиёдтар аз 337 сомониро ташкил дод.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» сардори раёсати омори шаҳри Кӯлоб Маҳсиддин Мӯсоев хабар дод, ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 53 сомонӣ бештар буда, афзоиши ҳаҷми музди меҳнат дар ҳамаи бахшҳо ба қайд гирифта шудааст. «Дар ҳамин ҳол, дар аксари соҳаҳо ҳаҷми музди миёнаи меҳнат дар як моҳ аз ҳаҷми расман дар ҷумҳурӣ элоншудаи 100 доллари ИМА қариб ду баробар поин буда, кишоварзон ва кормандони хоҷагии ҷангал ҳамагӣ то 20 доллари ИМА маош мегиранд», - изҳор дошт ӯ.
Ба қавли мавсуф, ҳаҷми музди миёнаи меҳнати кормандони соҳаи маориф, тандурустӣ, алоқа ва хадамоти коммуналии шаҳри Кӯлоб 52 доллари ИМА дар як моҳро ташкил додааст. «Ҳаҷми бештар аз 100 доллари ИМА-и музди миёнаи меҳнат дар муассиаҳои қарздиҳиву молиявӣ, мақомоти суғурта, бахши сохтмон ва корхонаҳои соҳаи энергетикаву хоҷагии об ба қайд гирифта шуд», - афзуд номбурда.
Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикисто ҳам 13 номзад ба интихоботи порлумонӣ пешниҳод кард
Душанбе то куҷо ба зимистон омода аст?
Кафшергарон. Аввалин гурӯҳи муҳоҷирони тоҷик барои кор ба Корея мераванд
Суқути ҳавопаймои “Azerbaijan Airlines" дар Қазоқистон. Теъдоди ҳалокшудагон маълум нест
“Ягона роҳ, сохтани метро” Барҳамдиҳии гузаргоҳи пиёдагардон тамбашавии нақлиётро кам мекунад?
Буҷети ВМКБ дар соли 2025 қариб 2,5 баробар зиёд шуд
Сармуррабии нави “Равшан” кай ба Тоҷикистон меояд?
Эмомалӣ Раҳмон бо Владимир Путин дар бораи маорифу иқтисод ва амният суҳбат кард. Ҳарфе аз муҳоҷирон садо надод
Дилшод Назаров дигарбора раиси Федератсияи варзиши сабуки Тоҷикистон интихоб шуд
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Шоҳзода ва пиразани ҷодугар”
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста