Душанбе. 5-уми июл. «Азия-Плюс» — | Дар ноҳияи Варзоб тренинги панҷрӯза дар мавзӯи таъмин бо сарпаноҳ ва барқарорсозӣ шурӯъ гардид. Тренинг бо мақсади баланд бардоштани имконоти Ҷамъиятҳои Миллии Ҳилоли Аҳмари кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ дар соҳаи барномаҳо ва фаъолият оид ба таъмин бо сарпаноҳ ва барқарорсозӣ доир карда мешавад.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Ҷамъити Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон хабар доданд, чорабинии мазкур аз ҷониби Федератсияи байнулмилалии ҷамъиятҳои Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар дар ҳамдастӣ бо Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон ва дастгирии молиявии мададрасонон ва барномаи ДИПЕКО VI созмон дода мешавад.
Дар тренинг ҳудуди 20 кормандони соҳибтаҷрибаи ҷамъиятҳои Ҳилоли Аҳмари Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон, Ӯзбекистон, Венгрия ва мураббиёни варзида аз Аврупо ва кишварҳои Осиёи Марказӣ иштирок мекунанд.
Ба гуфтаи Эрик Мишел Селлиер, намояндаи Федератсияи байнулмилалии ҷамъиятҳои Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар дар Тоҷикистон, дар тренинг роҳу воситаҳои вокуниш ба офатҳои табиӣ дар таъмини аҳолӣ бо сарпаноҳ ва корҳои барқарорсозӣ тавассути истифодаи механизмҳои муқарраршудаи минтақавӣ баррасӣ мешаванд.
Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикисто ҳам 13 номзад ба интихоботи порлумонӣ пешниҳод кард
Душанбе то куҷо ба зимистон омода аст?
Кафшергарон. Аввалин гурӯҳи муҳоҷирони тоҷик барои кор ба Корея мераванд
Суқути ҳавопаймои “Azerbaijan Airlines" дар Қазоқистон. Теъдоди ҳалокшудагон маълум нест
“Ягона роҳ, сохтани метро” Барҳамдиҳии гузаргоҳи пиёдагардон тамбашавии нақлиётро кам мекунад?
Буҷети ВМКБ дар соли 2025 қариб 2,5 баробар зиёд шуд
Сармуррабии нави “Равшан” кай ба Тоҷикистон меояд?
Эмомалӣ Раҳмон бо Владимир Путин дар бораи маорифу иқтисод ва амният суҳбат кард. Ҳарфе аз муҳоҷирон садо надод
Дилшод Назаров дигарбора раиси Федератсияи варзиши сабуки Тоҷикистон интихоб шуд
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Шоҳзода ва пиразани ҷодугар”
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста