Душанбе. 5-уми июл. «Азия-Плюс» — Бо назардошти анҷоми муваффақонаи марҳилаи аввали лоиҳаи обтаъминкунии шаҳри Душанбе, ки бо дастгирии молиявии Бонки ҷаҳонӣ амалӣ мешавад, ҷонибҳо ҷиҳати идомаи ҳамкорӣ барои татбиқи марҳилаи дуюми лоиҳа изҳори омодагӣ карданд.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» котиби матбуотии раиси шаҳри Душанбе Шавкат Саидов хабар дод, чанде қабл намояндагии Бонки ҷаҳонӣ ба унвони раиси пойтахт Маҳмадсаид Убайдуллоев мактуб ирсол намуда, хабар додааст, ки Шӯрои мудирони Ассотсиатсияи байнулмилалӣ оид ба рушд маблағгузорӣ ба марҳилаи дуюми лоиҳаи обтаъминкунии шаҳри Душанберо маъқул шуморида, баҳри амалисозии он ба сифати бурс 16 млн. доллари ИМА ҷудо кардааст.
Ба қавли Ш.Саидов, ҳиссаи мақомоти шаҳрдории Душанбе дар ин лоиҳа 3 млн. доллари ИМА аст. «Дар ҷараёни амалисозии марҳилаи дуюми лоиҳа 76,5 ҳазор ҳисобкунакҳои об насб карда хоҳанд шуд, ки 47%-и тамоми талаботи шаҳрро ташкил медиҳад», - афзуд номбурда.
Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикисто ҳам 13 номзад ба интихоботи порлумонӣ пешниҳод кард
Душанбе то куҷо ба зимистон омода аст?
Кафшергарон. Аввалин гурӯҳи муҳоҷирони тоҷик барои кор ба Корея мераванд
Суқути ҳавопаймои “Azerbaijan Airlines" дар Қазоқистон. Теъдоди ҳалокшудагон маълум нест
“Ягона роҳ, сохтани метро” Барҳамдиҳии гузаргоҳи пиёдагардон тамбашавии нақлиётро кам мекунад?
Буҷети ВМКБ дар соли 2025 қариб 2,5 баробар зиёд шуд
Сармуррабии нави “Равшан” кай ба Тоҷикистон меояд?
Эмомалӣ Раҳмон бо Владимир Путин дар бораи маорифу иқтисод ва амният суҳбат кард. Ҳарфе аз муҳоҷирон садо надод
Дилшод Назаров дигарбора раиси Федератсияи варзиши сабуки Тоҷикистон интихоб шуд
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Шоҳзода ва пиразани ҷодугар”
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста