Кӯлоб. 6-уми июл. «Азия-Плюс» — | Тайи панҷ рӯзи ахир раиси шаҳри Кӯлоб Ҳамид Абдуллоев шахсан бо президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон вохӯрда, ду сӯҳбати телефонӣ дошт.
Ҳамид Абдуллоев дар сӯҳбат бо хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» изҳор дошт, ки моҳи ахир бахусус пас аз сарусадоҳо атрофи бетартибиҳои мухлисон чунин эҳсос мешуд, ки касе вазъро ба сарвари давлат дар шакли таҳрифшуда нишон медиҳад. «Зимни вохӯрии шахсӣ ва дар сӯҳбати телефонӣ ман аз вазъи воқеъии шаҳр ва мушкилоти мавҷуда ба сарвари давлат маълумот додам ва ӯ ба мақомоти дахлдор супориш дод, ки баҳри ҳалли онҳо чора андешанд», - гуфт ӯ.
Ба қавли раиси шаҳри Кӯлоб, тайи чанд рӯзи ахир вазирони маориф, молия, тандурустӣ ва ҳамчунин муовини нахуствазири кишвар Руқия Қурбонова ба шаҳри Кӯлоб омадаанд. «Онҳо бо мушкилоти ҷойдошта дар шаҳр аз наздик ошно гардида, изҳор доштанд, ки баҳри ҳалли ҳарчи зудтари он кӯшиш ба харҷ хоҳанд дод», - афзуд Ҳамид Абдуллоев.
Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикисто ҳам 13 номзад ба интихоботи порлумонӣ пешниҳод кард
Душанбе то куҷо ба зимистон омода аст?
Кафшергарон. Аввалин гурӯҳи муҳоҷирони тоҷик барои кор ба Корея мераванд
Суқути ҳавопаймои “Azerbaijan Airlines" дар Қазоқистон. Теъдоди ҳалокшудагон маълум нест
“Ягона роҳ, сохтани метро” Барҳамдиҳии гузаргоҳи пиёдагардон тамбашавии нақлиётро кам мекунад?
Буҷети ВМКБ дар соли 2025 қариб 2,5 баробар зиёд шуд
Сармуррабии нави “Равшан” кай ба Тоҷикистон меояд?
Эмомалӣ Раҳмон бо Владимир Путин дар бораи маорифу иқтисод ва амният суҳбат кард. Ҳарфе аз муҳоҷирон садо надод
Дилшод Назаров дигарбора раиси Федератсияи варзиши сабуки Тоҷикистон интихоб шуд
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Шоҳзода ва пиразани ҷодугар”
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста