Кӯлоб. 7-уми июл. «Азия-Плюс» — | Дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ дар маҷмӯъ сохтмони 149 иншооти таъиноти гуногун дар шаҳри Кӯлоб ба нақша гирифта шуда буд.
Дар сӯҳбат бо хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» сармеъмори шаҳри Кӯлоб Озодӣ Ҳасанов гуфт, аллакай 51 иншоотро комиссияи давлатӣ қабул кардааст. «Панҷ иншооти сохтамешуда барои бахши маориф, 8-то барои соҳаи тандурустӣ, 19-то барои бахши хизматгузорӣ, 61-то барои соҳаи савдо пешбинӣ шуда, 9-тоаш таъиноти истеҳсолӣ, 2-то фарҳангӣ ва 3-то таъиноти варзишӣ доранд», - гуфт ӯ.
Ба қавли мавсуф, сохтмони манзилҳои зисти инифродӣ натанҳо дар шаҳр, балки дар ноҳияи Кӯлоб низ дар авҷ аст. «Дар чаҳор ҷамоати ноҳия корҳои тадорукотиву техникии ҷудо кардани 138 гектар замин барои эҳтиёҷмандон ба анҷом расида, дар ин қитъаҳо 931 оила манзил бунёд хоҳанд кард ва тақсими қитъаи замин рӯзҳои наздик шурӯъ мешавад», - иброз дошт вай.
Номбурда афзуд, дар маҷмӯъ дар шаҳру ноҳияи Кӯлоб муддати як сол на камтар аз 1,5 ҳазор оилаҳо ба манзилҳои нав мекӯчанд.
Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикисто ҳам 13 номзад ба интихоботи порлумонӣ пешниҳод кард
Душанбе то куҷо ба зимистон омода аст?
Кафшергарон. Аввалин гурӯҳи муҳоҷирони тоҷик барои кор ба Корея мераванд
Суқути ҳавопаймои “Azerbaijan Airlines" дар Қазоқистон. Теъдоди ҳалокшудагон маълум нест
“Ягона роҳ, сохтани метро” Барҳамдиҳии гузаргоҳи пиёдагардон тамбашавии нақлиётро кам мекунад?
Буҷети ВМКБ дар соли 2025 қариб 2,5 баробар зиёд шуд
Сармуррабии нави “Равшан” кай ба Тоҷикистон меояд?
Эмомалӣ Раҳмон бо Владимир Путин дар бораи маорифу иқтисод ва амният суҳбат кард. Ҳарфе аз муҳоҷирон садо надод
Дилшод Назаров дигарбора раиси Федератсияи варзиши сабуки Тоҷикистон интихоб шуд
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Шоҳзода ва пиразани ҷодугар”
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста