Душанбе. 12-уми июл. «Азия-Плюс» — | Соли равон Вазорати маорифи ҷумҳурӣ бо кишвархои хориҷӣ ва созмонҳои байнулмилалӣ ҳудуди 100 санади ҳамкорӣ ба имзо расонид.
Зимни нишасти матбуотӣ муовини аввали вазири маорифи кишвар Фарҳод Раҳимов дар робита ба ин масъала гуфт, барои соҳиб шудан ба идрорпулии президентии «Дурахшандагон» барои соли хониши 2011-2012 аз рӯйи касбҳое, ки ҷумҳурӣ ба он ниёз дорад, имтиҳонот барпо гардида, 12 нафар донишҷӯён барои таҳсил дар мактабҳои олии Русия, Қазоқистон ва Белорус ҳуқуқ пайдо карданд. Ҷараёни қабули номзадҳо барои таҳсил дар хориҷи кишвар ба магистратура идома дорад.
Ба қавли муовини вазир, дар чаҳорчӯби асноди ҳамкории баимзорасида барои донишҷӯёни тоҷик аз ҷониби Русия – 200, Чин – 82 ва Туркия 20 квота барои таҳсил ҷудо карда шудааст. Ғайр аз ин, ба донишҷӯёни тоҷик барои таҳсил аз ҷониби Украина, Қирғизистон, Чехия, Словакия ва дигар кишварҳо низ квотаҳо ҷудо карда шудаанд. «Қимати таҳсил дар Русия то 5 ҳазор доллари ИМА арзиш дошта, дар кишварҳои аврупоӣ он ба 25-30 ҳазор доллари ИМА мерасад», - изҳор дошт Раҳимов.
Номбурда афзуд, идрорпулии президентии «Дурахшандагон» оид ба омодакунии кадрҳо дар хориҷи кишвар муддати 2 сол аст, ки мавриди амал қарор гирифта, тамоми маблағи хароҷот аз ҳисоби фонди захиравии президенти кишвар ҷудо карда мешавад.
Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикисто ҳам 13 номзад ба интихоботи порлумонӣ пешниҳод кард
Душанбе то куҷо ба зимистон омода аст?
Кафшергарон. Аввалин гурӯҳи муҳоҷирони тоҷик барои кор ба Корея мераванд
Суқути ҳавопаймои “Azerbaijan Airlines" дар Қазоқистон. Теъдоди ҳалокшудагон маълум нест
“Ягона роҳ, сохтани метро” Барҳамдиҳии гузаргоҳи пиёдагардон тамбашавии нақлиётро кам мекунад?
Буҷети ВМКБ дар соли 2025 қариб 2,5 баробар зиёд шуд
Сармуррабии нави “Равшан” кай ба Тоҷикистон меояд?
Эмомалӣ Раҳмон бо Владимир Путин дар бораи маорифу иқтисод ва амният суҳбат кард. Ҳарфе аз муҳоҷирон садо надод
Дилшод Назаров дигарбора раиси Федератсияи варзиши сабуки Тоҷикистон интихоб шуд
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Шоҳзода ва пиразани ҷодугар”
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста