Душанбе. 13-уми июл. «Азия-Плюс» — | Тоҷикистон ба Белорус масъалаи омӯзиши ҷалби муҳоҷирони кории тоҷикро ба кор дар шаҳракҳои кишоварзӣ ва бахши сохтмони ин кишвар пешниҳод кард.
Ин пешниҳод зимни мулоқоти сардори Хадамоти муҳоҷирати назди президенти Тоҷикистон Сафиалло Девонаев ва муовини вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Белорус Евгений Полуден дар шаҳри Минск садо дод.
Бно ба иттилои ОИ БЕЛТА, мақомоти дахлдори Белорус лоиҳаи Созишномаи байниҳукуматии Тоҷикистону Белорус дар бораи фаъолияти меҳнатии шаҳрвандони ҳарду кишварро таҳия сохта, онро барои шиносоӣ ва мувофиқа ба Тоҷикистон пешниҳод менамояд.
Дар мулоқот ҷонибҳо иброз доштаанд, ки мавҷуд набудани заминаи ҳуқуқиву шартномавӣ барои ҳамкорӣ дар соҳаи табодули қувваи корӣ имконоти чунин фаъолиятро мушкил месозад.
Ғайр аз ин, ҷонибҳо баррасии масъалаи роҳандозии ҳамкорӣ дар бахши омодасозии касбии муҳоҷирони меҳнатӣ дар сатҳи ҳукуматӣ ва омӯзиши шаҳрвандони тоҷик дар муассисаҳои таълимии Белорусро муҳим арзёбӣ карданд.
«Дар чаҳорчӯби сафар намояндагони Тоҷикистон аз департамент оид ба масоили шаҳрвандӣ ва муҳоҷирати Вазорати корҳои дохилии Белорус боздид намуда, бо тарзи роҳандозии фаъолияти ҳамкасбони худ аз наздик ошно гардиданд. Ғайр аз ин, онҳо бо корфармоҳо, ки қувваи кориро ба Белорус ҷалб месозанд, низ гуфтушунид анҷом доданд», - гуфта мешавад дар хабар.
Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикисто ҳам 13 номзад ба интихоботи порлумонӣ пешниҳод кард
Душанбе то куҷо ба зимистон омода аст?
Кафшергарон. Аввалин гурӯҳи муҳоҷирони тоҷик барои кор ба Корея мераванд
Суқути ҳавопаймои “Azerbaijan Airlines" дар Қазоқистон. Теъдоди ҳалокшудагон маълум нест
“Ягона роҳ, сохтани метро” Барҳамдиҳии гузаргоҳи пиёдагардон тамбашавии нақлиётро кам мекунад?
Буҷети ВМКБ дар соли 2025 қариб 2,5 баробар зиёд шуд
Сармуррабии нави “Равшан” кай ба Тоҷикистон меояд?
Эмомалӣ Раҳмон бо Владимир Путин дар бораи маорифу иқтисод ва амният суҳбат кард. Ҳарфе аз муҳоҷирон садо надод
Дилшод Назаров дигарбора раиси Федератсияи варзиши сабуки Тоҷикистон интихоб шуд
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Шоҳзода ва пиразани ҷодугар”
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста