Хуҷанд. 18-уми июл. «Азия-Плюс» — | Дар доираи амалисозии лоиҳа оид ба идоракунии пурсамари захираҳои маҳаллии созмони ҷамъиятии «Агентии дастгирии равандҳои рушди Нов», ки аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо дастгирӣ мешавад, сокинони панҷ ноҳияи вилояти Суғд истифодаи оташдонҳои офтобӣ барои омодасозии ғизоро омӯхтанд.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» корманди созмони мазкур Икром Бобоев хабар дод, соли равон дар беморхона, бунгоҳи тиббӣ, кӯдакистон ва хоҷагиҳои деҳқонии панҷ ҷамоатҳои ноҳияҳои Айнӣ, Ашт, Спитамен, Ҷаббор Расулов ва Ғончӣ 39 адад оташдонҳову батареяҳои офтобӣ ва гелиоколлекторҳо насб гардида, ҳангоми мавҷуд будани нури мустақими офтоб, батареяҳо ҳамчун манбаи барқ, гелиоколлекторҳо барои гарм кардани об ва оташдонҳо барои омодасозии ғизо истифода мешаванд.
Ба қавли И.Бобоев, дар Тоҷикистон ҳамасола ҳудуди 300 рӯзҳои офтобӣ мавҷуд аст ва ин таҷҳизот имкон фароҳам месозад, ки қариб муддати тамоми сол аҳолӣ аз нерӯи барқу газ ва ангишт танқисӣ надошта бошад. «Барои ҳамеша дар ҳолати корӣ нигоҳ доштани дастгоҳу таҷҳизоти мазкур дар ҷамоатҳо кумитаҳо оид ба энергетика таъсис дода шудаанд, ки ба ҳайати он мутахассисони корозмудаи бахши энергетика ҷалб шуда, онҳо курсҳои махсуси омӯзиширо хатм карданд», - афзуд номбурда.
Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикисто ҳам 13 номзад ба интихоботи порлумонӣ пешниҳод кард
Душанбе то куҷо ба зимистон омода аст?
Кафшергарон. Аввалин гурӯҳи муҳоҷирони тоҷик барои кор ба Корея мераванд
Суқути ҳавопаймои “Azerbaijan Airlines" дар Қазоқистон. Теъдоди ҳалокшудагон маълум нест
“Ягона роҳ, сохтани метро” Барҳамдиҳии гузаргоҳи пиёдагардон тамбашавии нақлиётро кам мекунад?
Буҷети ВМКБ дар соли 2025 қариб 2,5 баробар зиёд шуд
Сармуррабии нави “Равшан” кай ба Тоҷикистон меояд?
Эмомалӣ Раҳмон бо Владимир Путин дар бораи маорифу иқтисод ва амният суҳбат кард. Ҳарфе аз муҳоҷирон садо надод
Дилшод Назаров дигарбора раиси Федератсияи варзиши сабуки Тоҷикистон интихоб шуд
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Шоҳзода ва пиразани ҷодугар”
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста