Душанбе. 21-уми июл. «Азия-Плюс» — | Бо мақсади пешгирии тағйирёбии иқлим ва бо дастгирии Хазинаи мутобиқат ба иқлим фаъолияти Хадамоти гидрометереологии Тоҷикистон беҳбуд ва такмил дода мешавад.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» директори КВД «Гидрометереология»-и Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди ҳукумати ҷумҳурӣ Маҳмад Сафаров хабар дод, Тоҷикистон дар қатори 10 кишвари дигар ба барномаи санҷишии Хазина дохил шуд, ки дар чаҳорчӯби он ҷудо кардани 50 млн. $ маблағ пешбинӣ шудааст. «Дар Тоҷикистон барнома дар самтҳои гуногун амалӣ гардида, ба Кумитаи ҳифзи муҳити зист ҷиҳати беҳбуд бахшидан ба фаъолияти низоми гидрометереологӣ 13 млн. $ ҷудо мегардад», - гуфт вай.
Ба қавли М.Сафаров, мутобиқи асноди баимзорасида, амалисозии барномаи мазкур моҳи сентябри соли равон оғоз гардида, муддати 5 сол идома меёбад. Ба татбики барнома Бонки ҷаҳонӣ, Бонки осиёгии рушд ва Иттиҳоди Аврупо маблағгузорӣ хоҳанд кард.
«Мо умедворем, ки бо амалисозии ин барнома низоми гидрометереологии Тоҷикистон дар дақиқии пешгӯйиҳо, ҷамъоварии маълумоти экологӣ ва масъалаи дастрасии аҳолӣ ба маълумот перомуни экология ва гидрометереология ба дастовардҳо ноил хоҳад гардид», - таъкид сохт номбурда.
М.Сафаров ҳамчунин иброз дошт, ки сатҳи дақиқии пешгӯйиҳои кӯтоҳмуддати хадамоти гидрометереологии Тоҷикистон (барои 2-3 рӯз) 90%-ро ташкил медиҳад.
Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикисто ҳам 13 номзад ба интихоботи порлумонӣ пешниҳод кард
Душанбе то куҷо ба зимистон омода аст?
Кафшергарон. Аввалин гурӯҳи муҳоҷирони тоҷик барои кор ба Корея мераванд
Суқути ҳавопаймои “Azerbaijan Airlines" дар Қазоқистон. Теъдоди ҳалокшудагон маълум нест
“Ягона роҳ, сохтани метро” Барҳамдиҳии гузаргоҳи пиёдагардон тамбашавии нақлиётро кам мекунад?
Буҷети ВМКБ дар соли 2025 қариб 2,5 баробар зиёд шуд
Сармуррабии нави “Равшан” кай ба Тоҷикистон меояд?
Эмомалӣ Раҳмон бо Владимир Путин дар бораи маорифу иқтисод ва амният суҳбат кард. Ҳарфе аз муҳоҷирон садо надод
Дилшод Назаров дигарбора раиси Федератсияи варзиши сабуки Тоҷикистон интихоб шуд
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Шоҳзода ва пиразани ҷодугар”
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста