Душанбе. 25-уми июл. «Азия-Плюс» — | Дар робита ба масъалаи изҳороти пешвои ҳизби сиёсии «Справедливая Россия» Александ Агеев перомуни аз ҷониби тамоми муҳоҷирони меҳнатии хориҷӣ ҳатман донистани забон ва таърихи Русия, роҳбари шӯъбаи таблиғот ва кор бо ВАО-и Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон Усмон Солеҳов чунин ибрози андеша намуд, ки он ба андозае асоснок ва мантиқан дуруст аст.
Ба қавли Солеҳов, пешниҳоди Агеев пеш аз ҳама ба мутобиқшавии ҳарчи зудтари муҳоҷирони корӣ ба воқеъияти Русия нигаронида шудааст.
«Ғайр аз ин, бе надонистани забон, муҳоҷирон дар ҳифзи ҳуқуқ ва донистани ӯҳдадориҳои худ ба мушкилоти зиёде мувоҷеҳ мегарданд», - гуфт вай.
Солеҳов фаъолияти курсҳои кӯтоҳмуддати омӯзиши забони русиро, ки ахиран дар Тоҷикистон ифтитоҳ ёфтанд, муассир намешуморад. «Ман аз ин шубҳа дорам, ки агар шахс дар муддати даҳ соли омӯзиш дар мактаб забони русиро омӯхта натавониста бошад, пас ба гумон аст, ки дар муддати 1-2 моҳ ба он ноил гардад», - изҳор кард ӯ.
Намояндаи ҲХДТ мӯътақид аст, ки агар пешниҳоди пешвои ҳизби «Справедливая Россия» мавриди дастгири ҳукуматдорони рус қарор гирад, ба ҷараёни омӯзиши забони русӣ аз ҷониби муҳоҷирони кории хоҳиши дар Русия фаъолиятдошта такони ҷиддӣ хоҳад бахшид.
Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикисто ҳам 13 номзад ба интихоботи порлумонӣ пешниҳод кард
Душанбе то куҷо ба зимистон омода аст?
Кафшергарон. Аввалин гурӯҳи муҳоҷирони тоҷик барои кор ба Корея мераванд
Суқути ҳавопаймои “Azerbaijan Airlines" дар Қазоқистон. Теъдоди ҳалокшудагон маълум нест
“Ягона роҳ, сохтани метро” Барҳамдиҳии гузаргоҳи пиёдагардон тамбашавии нақлиётро кам мекунад?
Буҷети ВМКБ дар соли 2025 қариб 2,5 баробар зиёд шуд
Сармуррабии нави “Равшан” кай ба Тоҷикистон меояд?
Эмомалӣ Раҳмон бо Владимир Путин дар бораи маорифу иқтисод ва амният суҳбат кард. Ҳарфе аз муҳоҷирон садо надод
Дилшод Назаров дигарбора раиси Федератсияи варзиши сабуки Тоҷикистон интихоб шуд
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Шоҳзода ва пиразани ҷодугар”
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста