Кӯлоб. 26-уми июл. «Азия-Плюс» — | Кумитаи минтақавии Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Кӯлоб миёни аҳолии гирду атрофи тамрингоҳи низомии Момираки ноҳияи Мӯъминободи вилояти Хатлон таҳти унвони «Аз аслиҳаву мина эҳтиёт бош!» як силсила сӯҳбату сӯхбату семинарҳо доир карданист.
Машқгоҳи низомии Момирак аз ҷониби пойгоҳи ҳарбии 201-уми Русия барои баргузории тамринҳои низомӣ истифода мешавад. Чанде қабл, рӯзи 12-уми июл дар машқгоҳҳои низомии Лоҳур ва Момирак тамрингоҳои низомии як қатор ҷузъу томҳои пойгоҳи 201-уми низомӣ оғоз гардиданд.
Таввре ба ОИ «Азия-Плюс» мудири иҷроияи кумита Зайниддин Олимов хабар дод, машқгоҳ натанҳо панҷара, балки сарҳади мушаххасе ҳам надошта, тирпаррониҳои омӯзишӣ тез-тез баргузор мешаванд ва силоҳҳои натаркида ба масофаҳои дури гирду атроф омада мерасанд.
«Дар замини кишти гандум ва чарогоҳҳо на ҳамеша метавон силоҳу минаҳои натаркидаро мушоҳида кард», - гуфт мусоҳиб ва илова кард, ки нияти таҳияи харитаи ҷойҳои эҳтимолии мавҷуд будани онҳоро доранд, то ки аҳолии маҳаллӣ аз онҳо огоҳ бошанд.
Олимов мегӯяд, нигаронӣ атрофи тамриноҳи низомӣ бесабаб нест. «Соли гузашта дар деҳаи наздики машқгоҳи Дараи Оби ноҳияи Шӯрообод аз инфиҷори аслиҳаи натаркида навраси 16-сола Авазхони Салом ба ҳалокат расид. Соли 2006 ҳодисаи ба ин монанд бо Сайусмон Сулаймони 17-сола рух дод. Тайи солҳои ахир бар асари баргузории тирпаррониҳои ҷангӣ 15 манзили зисти сокинони деҳаҳои ноҳияҳои Мӯъминобод ва Шӯрообод осеб диданд», - гуфт ӯ.
Бино ба маълумоти Кумитаи минтақавии Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари ноҳиявӣ, муддати 20 сол дар Шӯрообод бар асари инфиҷори аслиҳа ва минаҳо 26 тан осеб диданд, ки 13 нафари онҳо дар ҷойи ҳодиса ё баъдтар аз ҷароҳати бардошта ба ҳалокат расидаанд.
Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикисто ҳам 13 номзад ба интихоботи порлумонӣ пешниҳод кард
Душанбе то куҷо ба зимистон омода аст?
Кафшергарон. Аввалин гурӯҳи муҳоҷирони тоҷик барои кор ба Корея мераванд
Суқути ҳавопаймои “Azerbaijan Airlines" дар Қазоқистон. Теъдоди ҳалокшудагон маълум нест
“Ягона роҳ, сохтани метро” Барҳамдиҳии гузаргоҳи пиёдагардон тамбашавии нақлиётро кам мекунад?
Буҷети ВМКБ дар соли 2025 қариб 2,5 баробар зиёд шуд
Сармуррабии нави “Равшан” кай ба Тоҷикистон меояд?
Эмомалӣ Раҳмон бо Владимир Путин дар бораи маорифу иқтисод ва амният суҳбат кард. Ҳарфе аз муҳоҷирон садо надод
Дилшод Назаров дигарбора раиси Федератсияи варзиши сабуки Тоҷикистон интихоб шуд
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Шоҳзода ва пиразани ҷодугар”
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста