Душанбе. 26-уми июл. «Азия-Плюс» — | Рӯзҳои 26-27-уми июли соли 2011 Намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон гузаронидани Семинари барои намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ дар мавзӯи ҳуқуқи муҳоҷирони меҳнат эълон медорад.
Тавре аз намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон хабар доданд, семинар дар чаҳорчӯбаи Муколамаи Иттиҳоди Аврупо ва Ҳукумати Тоҷикистон оиди ҳуқуқи инсон гузаронида мешавад. Он намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ, мақомоти давлатӣ ва ташкилоти байналмилалӣ, ки дар сарзамини Тоҷикистон фаъолият мебаранд, бо мақсади муҳокимаи масоили мавҷуди муҳоҷирати меҳнатӣ ба ҳам гирд меорад.
Ба ин чорабинӣ инчунин коршиносони сатҳи байналхалқӣ оиди масоили муҳоҷират, намояндагони ташкилоти байналхалқии хориҷи кишвар ва ташкилоти ғайридавлатӣ низ даъват шудаанд. Дар назар аст, ки аз рӯи натоиҷи семинар тавсияҳое такмил дода мешаванд, ки минбаъд аз тарафи Ҳукумати Тоҷикистон истифода бурда мешаванд.
Муколамаи Иттиҳоди Аврупо ва Ҳукумати Тоҷикистон оиди ҳуқуқи инсон воситаи сиёсати берунаи ИА буда, қисмати муҳими Дурнамои "ИА ва Осиёи Миёна: Дурнамои шарики нав"-ро ташкил медиҳад, ки ба рағбати ҳурмати ҳуқуқ ва озодиҳои асосии инсон, рушти устувории демократия ва сабот дар Тоҷикистон равона шудааст.
Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикисто ҳам 13 номзад ба интихоботи порлумонӣ пешниҳод кард
Душанбе то куҷо ба зимистон омода аст?
Кафшергарон. Аввалин гурӯҳи муҳоҷирони тоҷик барои кор ба Корея мераванд
Суқути ҳавопаймои “Azerbaijan Airlines" дар Қазоқистон. Теъдоди ҳалокшудагон маълум нест
“Ягона роҳ, сохтани метро” Барҳамдиҳии гузаргоҳи пиёдагардон тамбашавии нақлиётро кам мекунад?
Буҷети ВМКБ дар соли 2025 қариб 2,5 баробар зиёд шуд
Сармуррабии нави “Равшан” кай ба Тоҷикистон меояд?
Эмомалӣ Раҳмон бо Владимир Путин дар бораи маорифу иқтисод ва амният суҳбат кард. Ҳарфе аз муҳоҷирон садо надод
Дилшод Назаров дигарбора раиси Федератсияи варзиши сабуки Тоҷикистон интихоб шуд
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Шоҳзода ва пиразани ҷодугар”
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста