Душанбе. 29-уми июл. «Азия-Плюс» — | Дар остонаи оғози моҳи шарифи Рамазон дар Тоҷикистон маъмулан нархҳо боло мераванд. Дар бораи чӣ гуна чораҳо андешидан барои пешгирии он коршиносон ба ОИ «Азия-Плюс» чунин изҳори назар карданд.
Узви Кумита оид ба иқтисод, молия ва андози палатаи поёнии парлумони кишвар Исмоил Талбаков мӯътақид аст, ки ҳеҷ як панду насиҳати рӯҳониён ба нархгузорӣ дар моҳи Рамазон таъсир надорад.
«Дар шароити иқтисоди бозаргонӣ нархгузорӣ ба ҳаҷми истеҳсолот ва талабот ба маҳсулот вобаста аст. Аз ин рӯ, ин мушкилотро бояд тавассути афзоиши ҳаҷми истеҳсолот ва беҳбуд бахшидан ба он метавон ҳал кард, яъне талаботи кишвар ба маводи ғизоиро бояд худамон қонеъ созем, - мегӯяд намояндаи мардумӣ. – Дар фурсати наздиктарин ҳалли масъалаи фаъолияти ҳаннотон (шахсони аз деҳқон маҳсулотро яклухт мехарида) ва миёнаравонро мебояд ҳал кард. Бо хариду фурӯши маҳсулот онҳо нисбат ба истеҳсолкунанда якчанд маротиба бештар маблағ ба даст меоранд ва қимати маҳсулотро муддатҳое пештар аз биржаи Лондон боло мебаранд».
И.Талбаков дар робита ба ин масъала ҳамчунин гуфт, ба ҳукумат ва ташкилотҳои ҷамъиятӣ ташкили корхонаҳои хариду захираи маводи ғизоӣ ва эҷоди рақобатпазирии воқеъӣ ба ҳаннотон зарур аст.
Дар навбати худ иқтисодчӣ Фирӯз Саидов мӯътақид аст, ки афзоиши нарх дар моҳи Рамазон бе ҳеҷ асосе ва бидуни назардошти хароҷоти истеҳсолкунанда як чизи маъмулӣ шудааст.
Ӯ таъкид месозад, ки бо қабули қарору чораҳои маҷбурӣ наметавон ба он мувафақ гардид, вале танзими он зарур аст.
«Ман бар ин назарам, ки давлат бояд худаш аз истеҳсолкунанда қисмате аз маҳсулотро харида, бо нархи қобили қабул ё бо ҳамон нархи аз истеҳсолкунанда харидааш бифурӯшад. Масалан, ҳангоми боло рафтани қимати гӯшт чунин чора андешида шуд, - мегӯд коршинос. – Ғайр аз ин, аз фурӯши маҳсулоте, ки қиматаш (бидуни назардошти хароҷот) беасос боло рафт, бояд андози зиёдтар гирифта шуда, сабабҳои беандоза боло рафтани арзиши он муайян карда шавад».
Ба қавли Ф. Саидов ҳамчунин мебояд, мушкилоти фаъолияти ҳаннотонро ҳал намуда, дар бозорҳо маҳз барои деҳқонон ва истеҳсолкунандагон нуқтаҳои фурӯш ҷудо намуд. «Ин таҷрибаи нав набуда, дар саросари ҷаҳон маъмул аст ва дар замони шӯравӣ низ аз он истифода мешуд», - иброз дошт вай.
Номбурда афзуд, болоравии нарх дар моҳи шарифи Рамазон гуноҳи бузург буда, рӯҳониёнро мебояд дар масҷидҳо аз ин бобат ҳарф зананд.
Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикисто ҳам 13 номзад ба интихоботи порлумонӣ пешниҳод кард
Душанбе то куҷо ба зимистон омода аст?
Кафшергарон. Аввалин гурӯҳи муҳоҷирони тоҷик барои кор ба Корея мераванд
Суқути ҳавопаймои “Azerbaijan Airlines" дар Қазоқистон. Теъдоди ҳалокшудагон маълум нест
“Ягона роҳ, сохтани метро” Барҳамдиҳии гузаргоҳи пиёдагардон тамбашавии нақлиётро кам мекунад?
Буҷети ВМКБ дар соли 2025 қариб 2,5 баробар зиёд шуд
Сармуррабии нави “Равшан” кай ба Тоҷикистон меояд?
Эмомалӣ Раҳмон бо Владимир Путин дар бораи маорифу иқтисод ва амният суҳбат кард. Ҳарфе аз муҳоҷирон садо надод
Дилшод Назаров дигарбора раиси Федератсияи варзиши сабуки Тоҷикистон интихоб шуд
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Шоҳзода ва пиразани ҷодугар”
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста