Қӯрғонтеппа. 29-уми июл. «Азия-Плюс» — | Муовини сардори Раёсати корҳои дохилии вилояти Хатлон Сӯҳроб Саломов бар ин назар аст, ки дар вилоят ҳуқуқи кӯдакон асосан аз ҷониби волидайн поймол карда мешаванд.
Зимни нишасти хабарӣ дар робита ба ин масъала ӯ изҳор кард, ки мақомоти ҳифзи ҳуқуқ нисбати падару модароне, ки ҳуқуқҳои кӯдакони худро поймол месозанд, парвандаҳои ҷиноӣ боз кардаанд, ки асосан ба масъалаи пардохт накардани кӯмакпулӣ (алимент) барои тарбияи кӯдак то сини 18-солагӣ дахл дорад.
Ба гуфтаи Саломов, дар нимсолаи аввали соли равон нисбати волидайне, ки монеъаи дастрасии фарзандон ба таҳсил дар мактаб шудаанд, 18 парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.
Бино ба маълумоти расмӣ, дар соли хониши 2010-2011 1 ҳазору 346 кӯдакони шаҳри Қӯрғонтеппа аз таҳсил барканор мондаанд. «Бо кӯшишу мусоидати кормандони раёсати мо ва раёсати маориф 112 нафар кӯдакон дубора ба таҳсил фаро гирифта шуданд», - гуфт ӯ.
Зимнан зикр гардид, ки дар вилояти Хатлон тайи 6 моҳи соли равон ба гумони даст доштан дар содир намудани ҷиноят 45 нафар ноболиғон боздошт шудаанд, ки 25 нафари онҳо дар ҳеҷ куҷо таҳсил намекардаанд. Аксари ноболиғон ба дуздии амволи шахси дигар даст задаанд.
Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикисто ҳам 13 номзад ба интихоботи порлумонӣ пешниҳод кард
Душанбе то куҷо ба зимистон омода аст?
Кафшергарон. Аввалин гурӯҳи муҳоҷирони тоҷик барои кор ба Корея мераванд
Суқути ҳавопаймои “Azerbaijan Airlines" дар Қазоқистон. Теъдоди ҳалокшудагон маълум нест
“Ягона роҳ, сохтани метро” Барҳамдиҳии гузаргоҳи пиёдагардон тамбашавии нақлиётро кам мекунад?
Буҷети ВМКБ дар соли 2025 қариб 2,5 баробар зиёд шуд
Сармуррабии нави “Равшан” кай ба Тоҷикистон меояд?
Эмомалӣ Раҳмон бо Владимир Путин дар бораи маорифу иқтисод ва амният суҳбат кард. Ҳарфе аз муҳоҷирон садо надод
Дилшод Назаров дигарбора раиси Федератсияи варзиши сабуки Тоҷикистон интихоб шуд
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Шоҳзода ва пиразани ҷодугар”
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста