Хуҷанд. 30-юми июл. «Азия-Плюс» — | Қонун дар бораи ҳимояи давлатии иштирокчиёни мурофиаи судии ҷиноятӣ, аз ҷумла шоҳидон муҳиму рӯзмарра буда, минбаъд мавриди амал қарор хоҳад гирифт.
Дар мусоҳиба бо хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» раиси додгоҳи шаҳри Чкаловски вилояти Суғд Манзура Мамадова дар робита ба ин масъала чунин ибрози андеша намуд, ки то ҳол дар додгоҳи шаҳр аз ин қонун истифода нашудааст, зеро ба таъмини ҳифзи шоҳидони мурофиаҳои ҷиноӣ зарурат пеш наомадааст. «Шоҳидони ҷониби айбдоркунанда ва ҳимоя ҳамеша саривақт ба мурофиаҳо ҳозир мешуданд ва ҳолате мавҷуд набуд, ки онҳоро маҷбур оварда бошанд», - мегӯяд Мамадова.
«Ҳамчунин ҳодисаҳои фишор ё таҳдид ба шоҳидон аз ҷониби гумонбаршудагони асосӣ дар мурофиаҳои ҷиноӣ низ ба қайд гирифта нушдааст, аммо минбаъд ин қонун аз ҷониби додгоҳҳо барои ҳифзи шоҳидон бахусус зимни баррасии парвандаҳои марбут ба ҷиноёти вазнин ва махсусан вазнин мавриди истифода қарор мегирад», - изҳор кард раиси додгоҳи шаҳри Чкаловск.
Ба қавли номбурда, дар зарфи 6 моҳи соли 2010 аз ҷониби додгоҳ 46 парвандаи ҷиноӣ, аз ҷумла тибқи моддаҳои «Одамкушӣ» ва «Расонидани зарари вазнини ҷисмонӣ» баррасӣ шудааст.
Ёдрас мекунем, ки дар Тоҷикистон Қонун «Дар бораи ҳимояи давлатии иштирокчиёни мурофиаи судии ҷиноятӣ» қабул шуд. Қонуни мазкур асосҳои ҳуқуқии ҳимояи давлатии иштирокчиёни мурофиаи судии ҷиноятӣ, андешидани чораҳои таъмини амният, дастгирии иҷтимоии шахсони зикршуда ва тартиби мавриди амал қарор гирифтани онро тасдиқ месозад. Қобили зикр аст, ки Қонун на танҳо ҳимояи шоҳидон, балки иштирокчиёни дигари мурофиаҳои ҷиноӣ: додситон – айбдоркунандаи давлатӣ, ҷабрдида, айбдоркунандаи хусусӣ, гумонбаршуда, айбдоршаванда ва ғайраро низ кафолат медиҳад.
Чораҳои таъмини ҳимояи давлатӣ нисбат ба даъвогар, шоҳид, ҷабрдидаи ҷиноят ё дигар шахсони мусоидаткунанда ба пешгирӣ ё ошкор сохтани ҷиноят метавонанд то оғози парвандаи ҷиноӣ мавриди амал қарор дода шаванд.
Нисбат ба шахси таҳти ҳимоя қарордошта дар як вақт метавонад як ё якчанд чораи таъмини амният, аз ҷумла таъмин бо муҳофизони хусусӣ, ҳифзи манзил ва амвол, додани воситаҳои ҳифзи инфиродӣ ва ғайра истифода гардад.
Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикисто ҳам 13 номзад ба интихоботи порлумонӣ пешниҳод кард
Душанбе то куҷо ба зимистон омода аст?
Кафшергарон. Аввалин гурӯҳи муҳоҷирони тоҷик барои кор ба Корея мераванд
Суқути ҳавопаймои “Azerbaijan Airlines" дар Қазоқистон. Теъдоди ҳалокшудагон маълум нест
“Ягона роҳ, сохтани метро” Барҳамдиҳии гузаргоҳи пиёдагардон тамбашавии нақлиётро кам мекунад?
Буҷети ВМКБ дар соли 2025 қариб 2,5 баробар зиёд шуд
Сармуррабии нави “Равшан” кай ба Тоҷикистон меояд?
Эмомалӣ Раҳмон бо Владимир Путин дар бораи маорифу иқтисод ва амният суҳбат кард. Ҳарфе аз муҳоҷирон садо надод
Дилшод Назаров дигарбора раиси Федератсияи варзиши сабуки Тоҷикистон интихоб шуд
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Шоҳзода ва пиразани ҷодугар”
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста