Душанбе. 1-уми август. «Азия-Плюс» — | Ҳама гуна иқдомоти ҳукумат дар замони таҳдиди камбуди ғизо ба саросари ҷаҳон амали нек буда, қобили дастгирист, - мегӯяд вакили палатаи поёнии парлумони кишвар, муовини раиси Ҳизби коммунисти Тоҷикистон Исмоил Талбаков.
Дар робита ба қарори таъсиси Шӯрои амнияти ғизоӣ дар назди ҳукумати кишвар, ки сарвариашро нахуствазир ба ӯҳда хоҳад дошту ба ҳайати он роҳбарони як қатор вазорату идораҳои дахлдор шомил мегарданд, И. Талбаков дар мусоҳиба ба хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» чунин ибрози назар намуд, ки Шӯро баҳри таъмини амнияти ғизоии ҷумҳурӣ бояд амалу нақшаҳои ҳама сохторҳои давлатӣ ва бахши хусусиро таъмин созад ва аз ин рӯ, онро бояд бо ваколатҳои дахлдор таъмин кард.
«Ғайр аз ин, Шӯро бояд ба рушди саноати кимиёвӣ, энергетика, хоҷагии об ва имконоти илмии ҷумҳурӣ таваҷҷӯҳи хосса зоҳир созад, зеро бидуни назардошти ин, таъмини рушди бахши кишоварзӣ ғайриимкон аст», - зикр кард вай.
Намояндаи Ҳизби коммунист бар ин назар аст, ки айни замон мебояд баҳри миқёсан бузург сохтани хоҷагиҳои деҳқонӣ чораҳо андешид, зеро имрӯз аксари онҳо дар шароити рақобати шадиди бозорӣ имкони харидани техникаву нуриҳои минералӣ ва гирифтани қарзи молиявии ҳаҷман бузургро надоранд.
И. Талбаков мӯътақид аст, ки агар ҳукумат такондиҳандаи суръати ислоҳот дар бахши кишоварзӣ гардад, Тоҷикистон аз ӯҳдаи таъмини 25 млн. нафар бо ғизо баромада метавонад.
«Феълан як гурӯҳи намояндагони мардумӣ рӯйи таҳияи лоиҳаи қонун «Дар бораи кооператсияҳои қарзӣ» машғули коранд, ки ба таҳкими имконоти истифодаи қарз аз ҷониби хоҷагиҳои деҳқонӣ ҳангоми харидани техникаву нуриҳои минералӣ равона гардидааст ва ман умедворам, ки Шӯрои таъсисёфта дар таҳия ва амалисозии ин лоиҳа фаъолона ширкат хоҳад варзид», - афзуд И. Талбаков.
Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикисто ҳам 13 номзад ба интихоботи порлумонӣ пешниҳод кард
Душанбе то куҷо ба зимистон омода аст?
Кафшергарон. Аввалин гурӯҳи муҳоҷирони тоҷик барои кор ба Корея мераванд
Суқути ҳавопаймои “Azerbaijan Airlines" дар Қазоқистон. Теъдоди ҳалокшудагон маълум нест
“Ягона роҳ, сохтани метро” Барҳамдиҳии гузаргоҳи пиёдагардон тамбашавии нақлиётро кам мекунад?
Буҷети ВМКБ дар соли 2025 қариб 2,5 баробар зиёд шуд
Сармуррабии нави “Равшан” кай ба Тоҷикистон меояд?
Эмомалӣ Раҳмон бо Владимир Путин дар бораи маорифу иқтисод ва амният суҳбат кард. Ҳарфе аз муҳоҷирон садо надод
Дилшод Назаров дигарбора раиси Федератсияи варзиши сабуки Тоҷикистон интихоб шуд
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Шоҳзода ва пиразани ҷодугар”
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста