Душанбе. 2-юми август. «Азия-Плюс» — | Аввали моҳи сентябр дар шаҳри Душанбе ҷаласаҳои Шӯрои вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви ИДМ, Шӯрои сарони кишварҳои узви ИДМ, мулоқоти чаҳоргонаи сарони кишварҳои Русияву Тоҷикистон ва Афғонистону Покистон ва ҳамчунин сафари президенти Русия Дмитрий Медведев ба Тоҷикистон доир мегардад ва ҷараёни кори ин чорабиниву мулоқотҳоро ҳудуди ҳазор нафар намояндагони матбуоти кишварҳои узви ИДМ, Афғонистону Покистон ва оҷонсиҳои иттилоотии ҷаҳонӣ инъикос хоҳнд кард.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» роҳбари департаменти Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ Давлат Назриев иттилоъ дод, ғайр аз ин, баҳри инъикоси сафари президенти Эрон Маҳмуди Аҳмадинажод ба Тоҷикистон дар аввали моҳи сентябри соли равон як ҳайати бисёрнафараи рӯзноманигорони Эрон низ ба Тоҷикистон ташриф меоранд.
«Чанде қабл Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон эълон кард, ки бақайдгирии кормандони васоити ахбори умуми ватанӣ ва хориҷӣ баҳри иштирок дар ин чорабиниҳои сатҳи баланд оғоз шуд», - гуфт ӯ.
Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикисто ҳам 13 номзад ба интихоботи порлумонӣ пешниҳод кард
Душанбе то куҷо ба зимистон омода аст?
Кафшергарон. Аввалин гурӯҳи муҳоҷирони тоҷик барои кор ба Корея мераванд
Суқути ҳавопаймои “Azerbaijan Airlines" дар Қазоқистон. Теъдоди ҳалокшудагон маълум нест
“Ягона роҳ, сохтани метро” Барҳамдиҳии гузаргоҳи пиёдагардон тамбашавии нақлиётро кам мекунад?
Буҷети ВМКБ дар соли 2025 қариб 2,5 баробар зиёд шуд
Сармуррабии нави “Равшан” кай ба Тоҷикистон меояд?
Эмомалӣ Раҳмон бо Владимир Путин дар бораи маорифу иқтисод ва амният суҳбат кард. Ҳарфе аз муҳоҷирон садо надод
Дилшод Назаров дигарбора раиси Федератсияи варзиши сабуки Тоҷикистон интихоб шуд
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Шоҳзода ва пиразани ҷодугар”
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста