Душанбе. 4-уми август. «Азия-Плюс» — | Мутаассифам, ки сарвари давлат Қонун «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбия фарзанд»-ро ба имзо расонид ва гузашта аз ин, президент ин қонунро дар моҳи шарифи Рамазон ба тасвиб расонид, ки боиси таассуфи аз ин ҳам бештар аст, зеро дар ин моҳ аксари ҷавонон ба масҷид мераванд, - гуфт дар мусоҳиба ба хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» рӯҳонии маъруфи кишвар Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода.
Ӯ ҳамчунин зикр кард, ки ҳеҷ гоҳ умед надошт, ки сарвари давлат имзои ин қонунро мавқуф мегузорад ва таъкид сохт, ки «чанде аз шаҳрвандони соддалавҳ умедвор буданд, ки президент ба қонун имзо намегузорад».
Дар робита ба масъалаи риояи меъёрҳои қонун аз ҷониби аҳолӣ, Тӯраҷонзода чунин ибрози андеша намуд, ки он ба таври ихтиёрӣ аз ҷониби мардум риоя нахоҳад шуд.
«Як муддати муайян тавассути кӯмаки мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, намояндагони ҳокимияти маҳаллӣ ва таблиғ тариқи ВАО ба ҳукуматдорон муяссар мегардад, ки барои риояи меъёрҳои қонуни мазкур шароит фароҳам оваранд», - гуфт ӯ.
Дар ҳамин ҳол, ӯ таъкид сохт, ки ҳатто чунин як абарқудрате чун Иттиҳоди Шӯравӣ натавонист бо ёрии зӯровариву террор, асноди қонунгузорӣ ва таблиғоти густарда исломро дар қалби миллионҳо мусулмонон нобуд созад.
«Ман мӯътақидам, ки бо гузашти чанд муддате ҳамон қисмати қонунро, ки ба масҷид рафтани ҷавонони то синни 18-соларо манъ месозад, ҳама, аз ҷумла худи ҳукуматдорон ҳам фаромӯш месозанд, зеро он на танҳо ба қонунҳои Худо, балки ба фарҳангу маънавиёти мусулмонони Тоҷикистон мухолифат дорад», - афзуд Тӯраҷонзода.
Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикисто ҳам 13 номзад ба интихоботи порлумонӣ пешниҳод кард
Душанбе то куҷо ба зимистон омода аст?
Кафшергарон. Аввалин гурӯҳи муҳоҷирони тоҷик барои кор ба Корея мераванд
Суқути ҳавопаймои “Azerbaijan Airlines" дар Қазоқистон. Теъдоди ҳалокшудагон маълум нест
“Ягона роҳ, сохтани метро” Барҳамдиҳии гузаргоҳи пиёдагардон тамбашавии нақлиётро кам мекунад?
Буҷети ВМКБ дар соли 2025 қариб 2,5 баробар зиёд шуд
Сармуррабии нави “Равшан” кай ба Тоҷикистон меояд?
Эмомалӣ Раҳмон бо Владимир Путин дар бораи маорифу иқтисод ва амният суҳбат кард. Ҳарфе аз муҳоҷирон садо надод
Дилшод Назаров дигарбора раиси Федератсияи варзиши сабуки Тоҷикистон интихоб шуд
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Шоҳзода ва пиразани ҷодугар”
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста