Душанбе. 22-юми август. «Азия-Плюс» — Ахири ҳафтаи гузашта сафири Ҷопон дар Тоҷикистон Йошихиро Накаяма ва раиси ноҳияи Файзобод Абдулло Ҳакимов созишномаи бурсӣ ба маблағи 11,3 ҳазор доллари ИМА-ро ба имзо расониданд. Ии маблағро ҳукумати Ҷопон барои таъмиру барқарорсозии беморхонаи марказии ноҳияи Файзобод ҷудо кард.

Тавре аз сафоратхонаи Ҷопон дар Тоҷикистон иттилоъ доданд,  намо ва қисмати дохилии бинои беморхона, ки соли 1974 бунёд ёфтааст, соли 2010 баркарор карда шуданд, вале боми бино таъмир нашуда буд. «Дар доираи амалисозии лоиҳаи мазкур боми бино пурра аз таъмир бароварда шуда, шӯъбаи ҷарроҳӣ бо ҳафт адад таҷҳизоти тиббӣ, аз ҷумла электрокоагулятор, дастгоҳи нафасдиҳии сунъии шуш ва мизи ҷарроҳӣ таъмин карда хоҳад шуд», - гуфтанд дар сафорат.

Ба иттилои манбаъ, ҳафтаи гузашта ҳамчунин оид ба сохтмони мактаб дар ҷамоати «Иван тоҷик»-и ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ низ созишнома бурсӣ ба имзо расида, баҳри татбики он ҳукумати Ҷопон 111,6 ҳазор доллари ИМА маблағ ҷудо мекунад. «Айни замон толибилмони ҷамоати мазкур дар бинои кӯхнаи мактаб ба таҳсил фаро гирифта шуда, бинобар мавҷуд набудани мактаби пурраи таҳсилоти умумӣ, хонандагони синфҳои болоӣ дар мактаби ҳамсоядеҳа таҳсил мекунанд. Бо анҷоми татбиқи лоиҳаи мазкур бинои нави мактаб бо шаш синф бунёд ардида, беш аз 250 нафар толибилмон ба муҳити хуби таълим дастрасӣ пайдо мекунанд», - афзуд манбаъ.

Зимни пешниҳоди кӯмаки бебозгашти лоиҳаи амнияти гуманитарӣ барои қишри васеъи аҳолӣ бештар ба ҳокимияти маҳаллӣ, муассисаҳои маърифативу тандурустӣ ва ташкилотҳои ғайридавлатӣ дар кишварҳои дар ҳоли рушд қарордошта афзалият дода мешавад. Шурӯъ аз соли 1996 дар доираи татбиқи лоиҳаи мазкур ҳукумати Ҷопон 271 лоиҳаҳои гуманитарӣ ба маблағи умумии 19,8 млн. доллари ИМА-ро дастгирӣ кард, ки баҳри рушди Тоҷикистон нигаронида шуда буданд.