Консули Генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Екатеринбург Парвиз Асоев бо сафари корӣ аз Красноярск дидан намуд.
Тавре аз департаменти иттилооти Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, дар рафти сафари худ ӯ бо роҳбарони минтақавӣ ва шаҳрӣ, намояндагони Хадамоти муҳоҷирати Вазорати корҳои дохилӣ ва Вазорати корҳои хориҷии Федератсияи Россия дар Красноярск вохӯриҳо анҷом дод.
Аз ҷумла вохӯрии П.Асоев бо муовини раиси ш. Красноярск Владимир Шевляков баргузор гардид. Консули генералии Тоҷикистон аз наздик бо зиндагонӣ ва урфу одатҳои мардуми маҳаллӣ шиносоӣ пайдо намуд ва аз шарту шароити будубоши муҳоҷирони меҳнатии тоҷик дар ин шаҳр огоҳӣ ёфт.
Дар рафти сӯҳбат Консули генералӣ аз мақсади ба нашр расонидани як ёдномаи махсус барои муҳоҷирони меҳнатие, ки барои кор озими Россия мешаванд, хабар дод. Ёднома тоҷикистониёнро аз урфу одат, қонунҳои асосӣ, ҳамчунин маълумотнома дар бораи шаҳр, таърихи он ва фарҳанг шинос менамояд.
Дар рафти вохӯрӣ В.Шевляков иброз дошт, ки маъмурияти ш.Красноярск омода аст бо созмонҳои ҷамъиятии тоҷикони муқими Красноярск муколамаро таҳким намояд.
П. Асоев инчунин бо намояндагони маъмурияти губернатор вохӯрӣ анҷом дод. Аз номи губернатори ноҳияи Красноярск Лев Кузнесов консули тоҷикро барои иштирок дар IХ форуми иқтисодии ноҳияи Красноярск, ки феврали соли 2012 дар Красноярск баргузор мегардад, форуми “Тартиби бехатарии муосир – Антитеррор” ва фестивали байналхалқии мусиқии кишварҳои Осиё-Уқёнуси Ором, даъват намуданд.
Шиносоии сафири Тоҷикистон бо мушкилоти муҳоҷирон дар Сибиру Шарқи Дур
ВКД: Нафаре, ки хабарнигори “Озоди”-ро зад, боздошт шуд
Рӯзи нахустини парвози муқаррарӣ ба Қазоқистон эълон шуд: 14-уми март
Ҳайати Шафқат хизматрасониҳои касбомӯзӣ пешниҳод мекунад
Президенти Қирғизистон гуфт, ки ба Тоҷикистон сафар карданист
Футболбози тоҷик ба дастаи шомили Суперлигаи Ӯзбекистон гузашт
Эмомалӣ Раҳмон дар доираи СҲИ барои мубориза бо бемориҳои сироятӣ ба ҳамкорӣ даъват кард
Рақибони паҳлавонони тоҷик дар «Tashkent Grand Slam»-и имрӯз маълум шуданд
Як гулдаста 1,5 ҳазор сомонӣ. Чаро гулҳо дар Душанбе гарон шуданд?
Дар Тоҷикистон бензин якбора қимат шуд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста