Дар Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе таҳти раёсати Маҳмадсаид Убайдуллоев ҷаласаи васеи кории шаҳрдорӣ баргузор гардид.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» котиби матбуотии раиси пойтахт Шавкат Саидов хабар дод, дар кори ҷаласа муовинони раиси шаҳр, раисони ноҳияҳо, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи шаҳрӣ, раисони комиссияҳои доимии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе ва масъулини дигар сохторҳои шаҳрӣ ширкат варзиданд. «Маҳмадсаид Убайдуллоев бо инобати рӯзҳои башумор мондан барои истиқболи 20-солагии Истиқлолият ва итмомрасии иҷрои нақшаи чорабиниҳои шаҳрдорӣ оид ба 900 рӯзи ободонӣ дар ин самт бо қотеият ва раҳнамоӣ дастур фармуд, ки тибқи таҷрибаи дар шаҳр роиҷгардида корҳои омодагӣ чӣ дар иншооти ба истифодадиҳанда, ё худ иншооти ба ин муносибат бунёдашон оғозшаванда ва дар маҷмӯъ дар тамоми қаламрави шаҳр бо ҳисси баланди масъулиятшиносиву ҷавобгӯи ифтихормандӣ аз сокини пойтахт будан роҳандозӣ карда шавад», - гуфт ӯ.
Ба қавли номбурда, бо ироаи дастурҳои қатъӣ ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ оид ба андешидани чораҳо дар таъмини тартиботи ҷамъиятиву амнияти шаҳрвандон ва иштирокчиёни чорабиниҳои дар шаҳр доиршаванда, аз масъулини назорати давлатии санитарию экологӣ ва дигар субъектҳои хизматрасон тақозо шуд, ки корҳои профилактикӣ ва фарогирии комили фаъолиятро пурзӯр намояд.
Ёдпас мекунем, ки субҳи рӯзи 9-уми сентябр ба ифтихори ҷашни 20-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе намоиши идона ва гузашти низомӣ баргузор мешавад.
Шоми ҳамон рӯз дар варзишгоҳи марказии пойтахт бахшида ба ин ҷашн намоиши театрикунонидашуда ба маърази тамошо гузошта хоҳад шуд..
Ғайр аз ин, рӯзи ҷашн дар боғҳои истироҳату фароғати «Дӯстии халқҳо», Боғи ба номи Садриддин Айнӣ, «800-солагии Маскав», гулгашти ба номи Мироненко ва дигар ҷойҳои ҷамъиятии шаҳр низ чорабиниҳои идона ва сайругашти оммавӣ баргузор мешаванд.
Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикисто ҳам 13 номзад ба интихоботи порлумонӣ пешниҳод кард
Душанбе то куҷо ба зимистон омода аст?
Кафшергарон. Аввалин гурӯҳи муҳоҷирони тоҷик барои кор ба Корея мераванд
Суқути ҳавопаймои “Azerbaijan Airlines" дар Қазоқистон. Теъдоди ҳалокшудагон маълум нест
“Ягона роҳ, сохтани метро” Барҳамдиҳии гузаргоҳи пиёдагардон тамбашавии нақлиётро кам мекунад?
Буҷети ВМКБ дар соли 2025 қариб 2,5 баробар зиёд шуд
Сармуррабии нави “Равшан” кай ба Тоҷикистон меояд?
Эмомалӣ Раҳмон бо Владимир Путин дар бораи маорифу иқтисод ва амният суҳбат кард. Ҳарфе аз муҳоҷирон садо надод
Дилшод Назаров дигарбора раиси Федератсияи варзиши сабуки Тоҷикистон интихоб шуд
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Шоҳзода ва пиразани ҷодугар”
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста