Душанбе. 26-уми август. «Азия-Плюс» - Ба сарбози ба хизмати ҳарбӣ аз вилояти Суғд даъватшуда, ки ҳангоми адои хизмат ҷароҳат бардошт, манзили зисти дуҳуҷрагӣ ҷудо карда шуд.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» коршинос оид ба ҳуқуқҳои хизматчиёни ҳарбии Иттиҳодияи ҳуқуқшиносони ҷавони «Ампаро» Дилрабо Самадова хабар дод, зодаи ноҳияи Конибодом Комил Додоҷонов аз моҳи апрели соли 1996 дар қисми низомии шаҳри Исфара адои хизмат мекард. Моҳи июли ҳамон сол ӯ ба ноҳияи Тавилдара – макони даргириҳо фиристода шуд.
Моҳи декабри соли 1996 К. Додоҷонов маҷрӯҳ шуда, дар натиҷа маъюби дараҷаи II гардид. Моҳи июли соли 1997 бинобар маъюбӣ ӯ пеш аз мӯҳлат аз идомаи хизмати ҳарбӣ озод карда шуд.
«Соли равон пас аз 15 соли ҷароҳат бардоштан ӯ ба иттиҳодияи мо барои машварат муроҷиат намуда, мехост бифаҳмад, ки оё ӯ ба гирифтани кӯмаки якдафъаина ва беҳтар кардани шароити манзили зист ҳамчун низомии маҷрӯҳшуда ҳуқуқ дорад ё на», - мегӯяд Самадова.
Бо такя ба моддаи 3-и Қонуни ҶТ «Дар бораи мақоми хизматчиёни ҳарбӣ», ки ҳифзи иҷтимоии хизматчиёни ҳарбиро кафолат медиҳад, ӯ ба раиси шаҳри Конибодом дар ин хусус ариза пешниҳод намуд. Пас аз баррасии аризаи ӯ мақомоти шаҳрдории Конибодом ба ӯ манзили зисти дуҳуҷрагӣ ҷудо кард.
«Айни замон масъалаи аз ҷониби Вазорати мудофиа ба К. Додоҷонов пардохт намудани кӯмакпулии якдафъаина ҳаллу фасл мегардад», - гуфт ӯ.
Самадова мегӯяд дар таҷрибаи ҳуқуқшиносони вилояти Суғд ин ҳодиса бесобиқа аст, зеро аксари мардум аз ҳуқуқҳои худ огаҳӣ надоранд ва ҳатто оилаҳое, ки саробонашон ҳангоми адои хизмати ҳарбӣ ҳалок шудаанд, маъмулан аз ҳуқуқҳои худ ба таъмин бо манзили зист ё кӯмакпулӣ истифода намекунанд.
Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикисто ҳам 13 номзад ба интихоботи порлумонӣ пешниҳод кард
Душанбе то куҷо ба зимистон омода аст?
Кафшергарон. Аввалин гурӯҳи муҳоҷирони тоҷик барои кор ба Корея мераванд
Суқути ҳавопаймои “Azerbaijan Airlines" дар Қазоқистон. Теъдоди ҳалокшудагон маълум нест
“Ягона роҳ, сохтани метро” Барҳамдиҳии гузаргоҳи пиёдагардон тамбашавии нақлиётро кам мекунад?
Буҷети ВМКБ дар соли 2025 қариб 2,5 баробар зиёд шуд
Сармуррабии нави “Равшан” кай ба Тоҷикистон меояд?
Эмомалӣ Раҳмон бо Владимир Путин дар бораи маорифу иқтисод ва амният суҳбат кард. Ҳарфе аз муҳоҷирон садо надод
Дилшод Назаров дигарбора раиси Федератсияи варзиши сабуки Тоҷикистон интихоб шуд
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Шоҳзода ва пиразани ҷодугар”
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста