Сафорати Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар мавриди таҳдидҳои афсари Раёсати мубориза бо ҷиноятҳои созмонёфтаи ВКД ба ду вакили мудофеи ҳафтаномаи «Азия-Плюс» изҳори нигаронӣ мекунад .
Дар изҳороти интишорнамудаи сафоратхонаи ИМА дар Тоҷикистон гуфта мешавад, амали мазкур дар сурати ҳақиқат доштанаш дар толори суд таҳаммулнопазир аст ва ин воқеа бояд таҳқиқ шавад, то ин ки бутунии системаи адлияи кишвар нигоҳ дошта шавад. «Мо изҳороти ВКД оид ба ифтитоҳи таҳқиқи дохилиро ҳамчун як қадами мусбат арзёбӣ мекунем», - омадааст дар изҳорот.
Ҳамчунин дар изҳорот зикр мегардад, ки «мо дафтари додситонро водор мекунем, ки ин таҳдидҳоро ҷиддӣ қабул кунанд, ҳаматарафа таҳқиқ намоянд ва бо такя ба хулосаҳои таҳқиқот, чораҳои лозимӣ биандешанд».
Ёдрас мекунем, ки ба қавли вакилони мудофеъи ҳафтавори «Азия-Плюс» Шӯҳрат Қудратов ва Абдураҳмон Шарифов, дар таърихи 17 августи соли равон дар маҷлисгоҳи додгоҳи ноҳияи Фирдавсии пойтахт намояндаи Анвар Тағоймуродов, собиқ сардори Раёсати мубориза бо ҷиноятҳои созмонёфтаи ВКД (феълан муовини вазири корҳои дохилӣ) – Валихон Муллоев ба онҳо таҳдид кардааст.
Рӯзи 18-уми август вакилони мудофеъи ҳафтавор бо ариза ба Додситонии кулл муроҷиат намуда, дар он дархост карданд, ки таҳдидҳои ҷазои ҷисмонии Муллоев воқеъӣ эътироф крда шавад.
Айн замон аз рӯйи ин ариза дар ВКД ва Додситони кулли ҷумҳурӣ корҳои тафтишотӣ анҷом дода мешаванд.
Дар таърихи 20-уми августи соли ҷорӣ сардори шӯъбаи Раёсати мубориза бо хариду фурӯши одамони ВКД Валихон Муллоев ба мансаби сардори шӯъбаи минтақавии мубориза бо ҷинояткории созмонёфтаи вилояти Хатлон таъин карда шуд.
Тоҷикистону БАОР дурнамои ҳамкориҳои соли равонро баррасӣ карданд
Фурудгоҳи Хуҷанд аз ҳукумат барои баргардонии қарзҳояш муҳлат хост
Хориҷиён бе тести коронавирус ба Тоҷикистон омада метавонанд: ҳукумат иҷоза дод
Бахилӣ намекунад: Достони ризокори 33-сола дар Хуҷанд, ки ба дигарон бепул забони хориҷӣ меомӯзонад
Роҳҳои Душанбе-Хуҷанд ва Душанбе-Хоруғ боз шуданду лекин на барои ҳама
Моҳи март тоҷикистониён 13 рӯз истироҳат мекунанд
Чӣ гуна метавон фаҳмид, ки дар сомонаи фишингӣ қарор доред?
Барфи ногаҳонӣ ва шояд охирини имсол дар Душанбе
Ҳукумат ӯро “душмани халқ” карду мардум пирӯзи интихобот
"Азия-Плюс" рӯзноманигорони шаҳрвандиро барои ҳамкорӣ даъват мекунад
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста