Дар гузашти низомии бахшида ба таҷлили ҷашни 20-умин солгарди Истиқлоли давлатии ҷумҳурӣ дар шаҳри Душанбе нерӯҳои ҳарбӣ-ҳавоии Вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ ширкат хоҳанд варзид.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» сардори маркази матбуоти Вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ Фариду Маҳмадалиев хабар дод, дар фазои болои майдони марказии «Дӯстӣ» се чархболи Ми-8, чор чархболи Ми-24, се ҳавопаймоҳои омӯзишиву ҷангии Л-39 ва ду ҳавопаймои стратегии бомбандози Ту-95 парвоз хоҳанд кард.
Мутобиқи қарори қабулшуда, дар гузашт ба ҷуз низомиёни тоҷику рус, воҳидҳои ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳи Афғонистон, Эрон, Ҳиндустон ва Фаронса низ иштирок хоҳанд кард.
Тавре қаблан хабар дода будем, ба муносибати таҷлили ҷашни 20-умин солгарди истиқлоли ҷумҳурӣ бо иштироки беш аз 10 ҳазор афсарону сарбозони Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе гузашти низомии пуршукӯҳ доир мегардад.
Ба гузашти низомӣ сардори гарнизони Душанбе генерал-майор Латиф Файзиев фармондеҳӣ хоҳад кард. Гузаштро вазири мудофиаи кишвар Шералӣ Хайруллоев қабул хоҳад намуд.
Ҳамчунин дар тамоми марказҳои маъмурии вилоятҳо – шаҳрҳои Хуҷанду Қӯрғонтеппа ва Хоруғ низ гузаштҳои низомӣ доир мегарданд, ки дар онҳо ба ҷуз афсарону сарбозони қисмҳои низомӣ намояндагони дигар мақомоти қудратии ҷумҳурӣ низ иштирок хоҳанд кард.
Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикисто ҳам 13 номзад ба интихоботи порлумонӣ пешниҳод кард
Душанбе то куҷо ба зимистон омода аст?
Кафшергарон. Аввалин гурӯҳи муҳоҷирони тоҷик барои кор ба Корея мераванд
Суқути ҳавопаймои “Azerbaijan Airlines" дар Қазоқистон. Теъдоди ҳалокшудагон маълум нест
“Ягона роҳ, сохтани метро” Барҳамдиҳии гузаргоҳи пиёдагардон тамбашавии нақлиётро кам мекунад?
Буҷети ВМКБ дар соли 2025 қариб 2,5 баробар зиёд шуд
Сармуррабии нави “Равшан” кай ба Тоҷикистон меояд?
Эмомалӣ Раҳмон бо Владимир Путин дар бораи маорифу иқтисод ва амният суҳбат кард. Ҳарфе аз муҳоҷирон садо надод
Дилшод Назаров дигарбора раиси Федератсияи варзиши сабуки Тоҷикистон интихоб шуд
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Шоҳзода ва пиразани ҷодугар”
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста