Аз замони оғози фаъолияти радиои «Азия-Плюс» 9 сол пур мешавад. Дар таърихи 9-уми сентябри соли 2002 дар эфир мавҷҳои нахустини он садо доданд. Рӯзи таҷлили ҷашни 9-умин солгарди таъсиси радиои «Азия-Плюс» ситораҳои эстрадаи тоҷик меҳмони идораи он мешаванд.
Директори радио Парвона Аҳрорӣ дар бораи барномаи идона, ки имрӯз ба шунавандагон дар мавҷи 107.0 FM пешкаш мегардад, маълумот дод.
«Аслан рӯзи таъсиси радио 9-уми сентябр аст, - гуфт Аҳрорӣ. – Аммо бинобар таҷлили ҷашни истиқлоли давлатӣ дар ин рӯз, мо тасмим гирифтем, онро каме пештар ҷашн бигирем. Ирӯз дар мавҷҳои радио танҳо мусиқии рок садо медиҳад. Эфири мустақим аз соати 7-и субҳ оғоз гардида, то соати 9 идома меёбад».
Ба идораи радио ситораҳои эстрадаи тоҷик, аз қабили гурӯҳи «Парем», «Шамс», «Lady J», Парвина Юсуфӣ ва дигарон ҳамчун ҳамровиён даъват карда мешаванд.
Дар муддати вақти муайяншуда тӯҳфаҳое аз қабили телефон, дастгоҳи аксбардорӣ, марказҳои мусиқӣ ва ғайра ба бозӣ гузошта хоҳанд шуд.
Ёдрас мекунем, ки радиои ASIA-Plus - нахустин радиои мустақили Душанбе аст. Радио 9-уми сентябри соли 2002 дар мавҷи 107 FM садо дода, 24 соат дар шабонарӯз ба забонҳои тоҷикӣ ва русӣ нашрҳои хабарӣ ва барномаҳо пахш мекунад. Шакли барномасозии радио – иттилоотию мусиқӣ мебошад. Нашрҳои хабарӣ ҳар соат пахш мешаванд. Доираи фарогирӣ - Душанбе ва навоҳии атрофи пойтахт аст.
Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикисто ҳам 13 номзад ба интихоботи порлумонӣ пешниҳод кард
Душанбе то куҷо ба зимистон омода аст?
Кафшергарон. Аввалин гурӯҳи муҳоҷирони тоҷик барои кор ба Корея мераванд
Суқути ҳавопаймои “Azerbaijan Airlines" дар Қазоқистон. Теъдоди ҳалокшудагон маълум нест
“Ягона роҳ, сохтани метро” Барҳамдиҳии гузаргоҳи пиёдагардон тамбашавии нақлиётро кам мекунад?
Буҷети ВМКБ дар соли 2025 қариб 2,5 баробар зиёд шуд
Сармуррабии нави “Равшан” кай ба Тоҷикистон меояд?
Эмомалӣ Раҳмон бо Владимир Путин дар бораи маорифу иқтисод ва амният суҳбат кард. Ҳарфе аз муҳоҷирон садо надод
Дилшод Назаров дигарбора раиси Федератсияи варзиши сабуки Тоҷикистон интихоб шуд
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Шоҳзода ва пиразани ҷодугар”
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста